Wednesday, October 22, 2025
ADS
HomeПаём нетАҷоиботи Тоҷикистон. Мусоҳиба ва ситоиши «Пешво»қабл аз худкушӣ (Навор)

Аҷоиботи Тоҷикистон. Мусоҳиба ва ситоиши «Пешво»қабл аз худкушӣ (Навор)

Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов, ки таҳдид карда буд худашро назди бинои намояндагии САҲА оташ хоҳад зад, ба сараш бензин рехт то худашро оташ занад, вале кормандони пулис ӯро боз доштанд.

Ин саҳна дар як наворе, ки сомонаи “Ахбор” онро нашр кардааст,  дида мешавад.

Албатта худкушуии як зан фоҷеъа аст, вале ба назар мерасад ин кор саҳнабозие беш нест, ки аз тарафи худи мақомот ташкил шудааст. Чун қабл аз даст ба “худкушӣ” задан, Шодмонова як мусоҳибаи муфассал ба кадом наворбардоре медиҳад, ки онҷо пайдо шудааст ва аз ӯ мусоҳиба мегирад.

Маъмулан онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, қабл аз он дучори изтироби шадид мешаванд, ки дар Шодмонова аслан мушоҳида намешавад. Ӯ шеър мехонад ва аз раисҷусҳур Эмомалӣ Раҳмон ситоиш мекунад.

Ҳамчунин ӯ мегӯяд “то зинда ҳастам, то ҷон дар бадан дорам, бо Кабирӣ мубориза мебарам”. Вале чанд дақиқа пас меравад то худашро “оташ занад”.

Дар ин навор гурӯҳи тазоҳуркунандагон низ нишон дода мешаванд, ки дар даст чӯбдаст доранд ва онро ба замин мекӯбанд.  Гирифтани чӯбдаст ва заданион ба замин ба чӣ маънист маълум нест.

Аксари ин “ҷавонони фаъол” рӯйҳои  худро бо кепкаву айнак ё шиор пӯшонидаанд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?