Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистониён маҷаллае дар бораи зиндониёни сиёсӣ нашр карданд

Тоҷикистониён маҷаллае дар бораи зиндониёни сиёсӣ нашр карданд

Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ ба муносибати Рӯзи маҳбусони сиёсӣ маҷаллае зери унвони “Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ” ба нашр расониданд.

Китоб аз 6 қисм иборат аст. Қисмати аввал дар бораи зиндониёни сиёсӣ ҳикоя мекунад. Дар ин бахш асмои ҳудуди 200 нафар оварда шудааст, ки ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудаанд.

Дар бахши дуввум рӯйхати сиёсатмадорони пурнуфузе оварда шудааст, ки дар ҳолатҳои то ҳол ифшонашуда кушта шудаанд.

Бахши саввум номҳои фаъолони сиёсиеро фаро гирифтааст аз Русия рабуда шуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин рӯйхат Эҳсон Одинаев истисноист — ӯ бе ному нишон гардидааст.

Қисмати чаҳорум ба онҳое бахшида шудааст, ки соли 2012 ҳангоми амалиёти махсус дар Хоруғ кушта шудаанд.

Дар бахшҳои панҷуму шашум номҳои онҳое, ки алайҳашон шиканҷаи ҷисмонӣ истифода гардидааст, гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин асмои онҳое, ки бидуни ҳеҷ далеле ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам шудаанд.

Гуфтанист, ки 16 сентябр рӯзи зиндониёни сиёсӣ эълон шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буданд.
Фаъолони сиёсӣ ҳафтаи охир байни меҳмонони нишасти САҲА охир брошюр ва шиорҳое бо талаби озодкунии зиндониёни сиёсӣ паҳн мекунанд. Шиори онҳо #FreeTajikPoliticalPrisoners (озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ) аст.

Ин хештег ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular