Monday, October 20, 2025
ADS
HomeПаём нетМаликшо Неъматов ба мансаби болотаре меравад?

Маликшо Неъматов ба мансаби болотаре меравад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ Маликшо Неъматовро аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон барканор кардааст. Сабаи барканориаш “ба кори дигар гузаштанаш” гуфта мешавад.

Дар фармон омадааст: Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германияи ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша ва Сафири Фавқулодда ва Муҳтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия озод карда шавад.

Бо як фармони дигар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои Неъматов Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон таъин кардааст.

Аммо тибқи иттилоъи як манбаъ, Малико Неъматов ба вазифаи баландтаре пешниҳод шудааст. Имкон дорад дар Душанбе  ӯро ба вазифаи ёрдамчии раисҷумҳур таъин кунанд.

 

 

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?