Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТабъизи язғуломиҳо дар ҷаласаи САҲА матраҳ шуд

Табъизи язғуломиҳо дар ҷаласаи САҲА матраҳ шуд

Табъизи қавмии язғуломиҳо аз тарафи Шоҳнаими Карим дар нишасти САҲА оид ба ақаллиятҳои қавмӣ матраҳ шуд.

Шоҳнаими Карим зимни баромадаш дар ин нишаст таъкид кард, язғуломиҳо, ки як ақаллияти кӯчаки қавмӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, аз тарафи мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон пайваста мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд.

Сабаби таъқиби язғуломиҳоро Шоҳнаими Карим бештар дар табиати озодихоҳии онҳо ва ширкати густардаи ҷавонони ин қавм дар сафи нерӯҳои мухолифин замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон медонад. Ӯ гуфт бо вуҷуди имзои созишномаи сулҳ ва авфи саросарии ширкаткунандагони ҷанги дохилӣ, ҳукумати Тоҷикистон то ҳол аз мардони ин қавм қасос мегирад ва фишори таъқиби онҳо торафт бештар мешавад.

“Дар натиҷаи таъқиб ва дар ҳолати баде нигоҳ доштани вазъи водии Язғулом, шумори сокинони ин водӣ сол то сол камтар мешавад. Аз 20 ҳазор дар ватани аҷдодии худ ҳоло танҳо 6-7 ҳазор нафар зиндагӣ доранд. Дигарон маҷбур ба ҳиҷрат дар дохили кишвар ё ба хориҷ аз он шудаанд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто муҳоҷират натавониста онҳоро аз таъқиб наҷот диҳад”, — гуфт Шоҳнаими Карим.

Ӯ таъқиби язғуломиҳо баъди фурӯпошии Шӯравиро ба чанд марҳала тақсим кардааст, аз ҷумла:

— Кӯшиши номуваффақи “Фронти халқӣ” барои забти ин водӣ дар соли 1995;

— Шиканҷаву таъқиб ва қатли садҳо мардони ин водӣ, ки дар суфуфи баталёни қумондони мухолифин Мирзо Зиёев буданду сипас  дар Вазорати ҳолатҳои фавқулъода машғул ба кор гаштанд, пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев;

— Қатили бидуни додгоҳ ва исботи гуноҳи беш аз 100 мардони диловари ин водӣ, ки дар баталёни 25-ум адои хизмат мекарданд, “кӯшиши кудато”-и Абдуҳалим Назарзода.

Шоҳнаими Карим ҳамчунин гуфт, ки ҳатто фарзандони язғуломиҳо, ки бештар дар мактаби рақами 18-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд мавриди таъқибу фишори мақомот қарор мегиранд.

Ӯ қайд кард, ки дар се соли охир аз сентябри соли 2015 то июни 2018 беш аз 100 нафар сокини водии Язғулом бо иттиҳомоти сохта ба ҳабс маҳкум шудаанд.

“Худи сокинони водӣ тақрибан ҳаррӯза мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд. Онҳо аз мустақар шудани як воҳиди махсуси ВКД дар водӣ сахт дар ташвиш афтодаанд. Онҳо ба ҳукумат и кишвар бовар надоранд ва дар ҳолати ҳароси пайваста ба сар мебаранд” — изҳор дошт Шоҳнаими Карим.

Таъқибу фишор болои язғуломиҳоро ӯ ба Протоколи 32-20 ҳам рабт дод, ки дар он омадааст тамоми ширкаткунандагони ҷанг дар сафи нерӯҳои мухолифин бояд аз байн бурда шаванд.

Дар охир Шоҳнаими Карим аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва САҲА-ву СММ даъват кард ба генотсиди язғуломиҳо таваҷҷӯҳ кунанд.   

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular