Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭътирофи Иттифоқи нависандагон: ҷанги идеологӣ идома дорад

Эътирофи Иттифоқи нависандагон: ҷанги идеологӣ идома дорад

Чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлис баргузор шуд. Дар маҷлис чанде аз аъзои Иттифоқ, кормандони дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла Саидалӣ Маъмур, Зулфия Атоӣ, Аҷамӣ, Равшани Махсумзод, Салими Зарафшонфар, Шаҳрия, Адибаи Азиз ва дигарон ширкат доштанд.

Маҷлисро муовини раис Ато Мирхоҷа роҳбарӣ мекарданд. Ҳамкорони мо як-як дар бораи мавзуи мавриди муҳокима сухан карданд. Дар омади гап Саидалӣ Маъмур гуфтанд, ки “чи мешавад, ки дигар шоирону нависандагони мо мадҳия насароянд, китобҳои иборат аз мадҳияву таърифу тавсифи беҷо нанависанд. Зеро ҳоло моро дар ҳама ҷо танқид доранд, ки ба таърифу тавсифи бе асос машғулем, корамон аз мадҳиясароӣ иборат аст”.

Ҳамкорони дигар ҳам ба ҷонибдорӣ аз Саидалӣ Маъмур сухан карданд. Ин фикр ба ҳама писанд омад. Зеро, ба назари ман мадҳиясароии мо оби рӯи Иттифоқ ва аъзои онро коста кардааст. Мо дарди мардумро намегӯем, мушкили мардумро дар осорамон инъикос намекунем, боз гила мекунем, ки мардум моро намешиносад, қадр намекунад, китобҳои моро намехаранд. О, агар мо бо мардум набошем, фикри халқро накунем, ин гилаҳоямон бемаврид аст.

Вале Ато Мирхоҷа фикри ҳамаро шунидаву дар охир чунин хулоса кард: “Мо наметавонем мадҳия насароем. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоиро бинед, ҷанги идеологӣ идома дорад. Давлату ҳукуматро танқид мекунанд. Мо набояд хомӯш нишинем. Мо бояд посух диҳем”.

Танҳо барои мо аъзои Иттифоқ нофаҳмо буд, ки чи хел бояд посух диҳем? Баъзе ҳамкоронро мебинам, бо шиму костюми аз замони Иттифоқи Шӯравӣ боқимондаашон ба коргоҳ меоянд. Баъзеҳои дигар фарзандонашонро бо ҳазор ҳавасу умед тарбия мекунанд, мехононанд, вале фарзандон ҷои кор пайдо намекунанд. Чи хел дар ҷанги идеологӣ мо ҳамроҳ шавем? Бо кадом рӯ?    

Як узви ИНТ

(Паём ба сабаби маълум аз овардани исми муаллиф худдорӣ мекунад)  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular