Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲикматулло Сайфуллозода ва Мавлавӣ Файзмуҳаммадро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд

Ҳикматулло Сайфуллозода ва Мавлавӣ Файзмуҳаммадро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд

Ду узви аршади Раёсати Олии ҲНИТ, рӯзноманигор Ҳикматулло Сайфуллозода ва Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳамад аз зиндон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол шудаанд.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём интиқоли ин ду зиндонии сиёсӣ чанд рӯз пеш сурат гирифтааст. Сабаби интиқол то ҳол маълум нест.

Сайфуллозода ва Муҳаммадалии Файзмуҳамад ҳамроҳ бо 11 узви дигари Раёсати Олии ҲНИТ се сол қабл, моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуда буданд.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 68 сола ба 16 соли зиндон ва Мавлавӣ Файзмуҳаммади 59 сола ба 23 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular