Sunday, October 26, 2025
ADS
HomeПаём нетКорхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ТАЛКО КРАНТАС ба кор шурӯъ кард

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ТАЛКО КРАНТАС ба кор шурӯъ кард

Зимни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе барои ширкат дар нишасти сарони ИДМ, ӯ ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати алюминии тоҷик дар шаҳри Турсунзода дидан кард ва онҳо корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ТАЛКО КРАНТАС-ро ифтитоҳ карданд.

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

“Корхонаи мазкур, ки бо иқдоми бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРАНТАС  ГУРӮҲ» таъсис дода шудааст, дар он асосан васлу насби нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ анҷом дода мешавад” хабар медиҳад манбаъ.

Тибқи иттилоъи манбаъ, дар ин корхона асосан 12 намуди кранҳои борбардору нақлиёти боркаши махсус васлу насб карда мешавад. Қарор аст баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм васлу насби 40 намуди нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон дастандаркорон нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли қисмҳои алоҳидаи нақлиётро дар ин корхона ба роҳ монанд.

Ҳоло дар ин корхонаи муштарк беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби ширкати ӯзбекистонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ  ба роҳ монда шудааст.

 

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?