Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГурҷистон аз Фаронса системи дифоъи мушакӣ харид

Гурҷистон аз Фаронса системи дифоъи мушакӣ харид

Гурҷистон аз ширкатҳои фаронсавӣ системи дифоъи мушакӣ харидорӣ кард.

Момуко Бахтадзе, нахуствазири Гурҷистон, ки дар маросими рӯзи нерӯи ҳавоии ин кишвар дар Тифлис ширкат карда буд, аз бархе иқдомот барои тавсеаи дифоъи ҳавоӣ хабар дод ва гуфт, ки дар ин росто системи дифоъи мушакӣ аз ширкатҳои фаронсавӣ харидорӣ шудааст.

Вай бо ишора ба ҳамкории ин кишвар бо Фаронса аз хариди истгоҳҳои радар, системҳои мушакӣ ва дастгоҳҳои ҳушманди мудирияти ин системҳо хабар дод.

Нахуствазири Гурҷистон ҳамчунин бо ишора ба афзоиши қудрати нерӯҳои ҳавоии ин кишвар гуфт: аз Иёлоти муттаҳида низ дар тақвияти системҳои дифоъӣ ва модернсозии чархболҳо кӯмак гирифтаем.

Маҳсулоти харидоришуда дар маросими мазкур ба намоиш даромад ва мақомоти сиёсӣ ва низомии Гурҷистон низ дар ин маросим ҳузур доштанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular