Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаркази барқу гармидиҳии Душанбе-2  ба кор шурӯъ кард

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2  ба кор шурӯъ кард

“Барқи тоҷик” аз шурӯъ ба кор кардани  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 хабар дод. Алъон ин истгоҳ танҳо барқ истеҳсол мекунад. Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе аз 1-ноябр шурӯъ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир танҳо ду дастгоҳи МБГ “Душанбе-2” фаъолият мекунанд, ки дар як шабонарӯз то 4,2млн кВт/с барқ истеҳсол мекунад. Ду дастгоҳи боқимондаи он, тибқи гуфтаи мақомот,  дертар ба кор шурӯъ хоҳанд кард.

МБГ “Душанбе-2” аз тарафи ширкати чинии ТВЕА бо ҳазинаи 350 миллион доллар сохта шудааст. Ба ивази сохтмони МБГ ширкати ТВЕА ду кони тиллоро дар вилояти Суғд ба даст овард.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи мақомот аз оғози мавсими гармидиҳии имсола Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 кори худро бо гази Ӯзбекистон шурӯъ хоҳад кард.

Ин марказ 50 сол қабл сохта шудааст ва то сардии равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон бо гази ин кишвар ва баъдан бо мазут кор мекард. Бо гармшавии равобит, Тоҷикистон имкони хариди гази Ӯзбекистон барои ин истгоҳ ва дигар корхонаҳои худ пайдо кард.  

Баъди як соли бидуни лимити барқ, сокинони Тоҷикистон аз нимаи моҳи сентябри имсол боз ба қатъкунии барқ рӯбарӯ шуданд. Дар баъзе ноҳияҳо барқ то 16 соат қатъ карда мешавад.  Бо ба кор шурӯъ кардани МБГ “Душанбе-2” интизор меравад, ки мардум ба барқ дастрасии бештаре пайдо кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular