Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФутболбозони навраси тоҷик аз тарафи раисҷумҳур қадрдонӣ шуданд

Футболбозони навраси тоҷик аз тарафи раисҷумҳур қадрдонӣ шуданд

Ҳар футболбози навраси тоҷик аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон бо 20 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2 ҳазор доллар) қадрдонӣ гардид. 33 футболбоз аз раисҷумҳур ин маблағро тӯҳфа гирифтанд.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони ҷавонро ба ҳузур пазируфт ва пирӯзии дастаро дар Қаҳрамонии Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, ба варзишгарон ва ба мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфтанд.

Раисҷумҳур гуфт ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин “натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад”, ки дар як чорабинии бузурги варзишӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.

Гуфтанист, дар марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё, тими мунтахаби Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол кард ва ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони зери 17 сола, ки соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular