Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар маҷмаъаи савдои «Садбарг»-и Душанбе зидди сатру ҳиҷоб «облава»карданд

Дар маҷмаъаи савдои «Садбарг»-и Душанбе зидди сатру ҳиҷоб «облава»карданд

Имруз дар маҷмаъаи савдои “Садбарг”, шаҳри душанбе кормандони мақомоти интизомӣ,  занону духтароне, ки дар сар руймол ё сатр доштанд боздошт намуда бо худ бурданд.

Ҳини боздошт кормандони мақомоти интизомӣ бо суханҳои қабеҳу дағал чандин занону духтаронро бо зурӣ аз сарашон руймолашонро  гирифтаанд. Дар ин бора як хонандаи ПАЁМ.net тавассути барномаи imo хабар дод.

Манбаъ мегӯяд: “Ман як духтар истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошам. Барои харидории баъзе лавозимоти дузандагӣ ба “Садбарг” омадам. Ҳамин ҳол кормандони мақомоти интизомӣ, ки бо чандин занону духтарон кашмакаш доштанд, маро низ боздошт намуда чанг ба руймолам заданд, вақто, ки доду вой кардам ва гуфтам, ки охир бибиҳои мо рӯймолу сатр мепушиданд. Шумо инсоф доред ё не. Вақто, ки диданд мардум дар атрофам ҷам мешаванд, маро раҳо карданд.”

Ин манбаъ меафзояд, ки “Имрӯз ҳамсинфонам ба Донишгоҳи Миллӣ рафтанд , ман ҳам бо баҳои аъло мактаби миёнаро хатм намуда курси дузандагӣ тамом кардам. Ҳамчун дузанда кор мекунам. Аммо мехоҳам илм омӯзам, аммо ҳеҷ худро бе сатр тасавур карда наметавонам. Лекин ноумед нестам, агар рӯзе фаро расад, ки дар донишгоҳҳои тоҷик ҳиҷоб иҷозат дода шавад, агар кампири 90 солаҳам шавам, мерам мехонам иншо Аллоҳ.”

Ин хабар аз манбаъи дигаре таъйид нашудааст. Вале маврид ба зикр аст, ки боздошти занони сатру ҳиҷобпуш дар Тоҷикистон таҷрибаи нав набуда, ин амали нангин аз ҷониби мақомотҳои низомӣ ва амниятӣ бори чандум аст такрор мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular