Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамлаи террористӣ дар Крим 18 кушта ва 47 захмӣ ба ҷой гузошт

Ҳамлаи террористӣ дар Крим 18 кушта ва 47 захмӣ ба ҷой гузошт

Кумитаи миллии мубориза бо терроризми Русия тайи иттилоияе эълом кард: дар пайи тирандозӣ ва инфиҷори бомби тақвиятшуда (бо қитъаҳои хурди филизот) дар яке аз донишкадаҳои нимҷазираи Крим 18 нафар ҷон бохта ва 47 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар иттилоия ҳамчунин омадааст: ин ҳамларо Владислав Росляков, як донишомӯзи 18 сола аз шаҳри Керч дар шарқи ҷумҳурии худмухтори Крим анҷом дода ва сипас худкушь кардааст. Ағлаб қурбониён дар ҷараёни тирандозь ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳамла парванда бо моддаи “терроризм” ифтитоҳ кард, аммо дертар онро ба “куштори дастаҷамъӣ” иваз кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар ин робита эълом кард, ки ҳамлаи мазкур ба таври дақиқ баррасӣ ва натоиҷи таҳқиқот ба иттилоъи умум расонида хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular