Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон давоми 9 моҳ 1,5 миллион тон ангишт истеҳсол шудааст

Дар Тоҷикистон давоми 9 моҳ 1,5 миллион тон ангишт истеҳсол шудааст

Ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон то нимаи моҳи октябри 2018 беш аз 1,4 миллион тонро ташкил дод. Тибқи иттилоъи Вазорати саноат ва технологияи нав, то ин вақт истеҳсоли ангишт 1 млн. 420 ҳ. тонро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 70 ҳ. тон бештар аст.  

Тибқи иттилоъи манба 54%-и ҳаҷми истеҳсоли ангишт ба корхонаи “Фон-Яғноб” рост меояд.

Вазорат мегӯяд истеҳсоли ангишт сол то сол меафзояд. Замони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ чизе бештар аз 300 ҳазор тон ангишт истеҳсол мешуд.

Тибқи маълумоти оморӣ захираи ангишти Тоҷикистон беш аз 4,5 млрд тонро ташкил дода, миқдори кашфшудаи он ҳудуди 320 млн тон аст.

Ба кандуков ва истеҳсоли ангишт ҳудуи 20 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ машғуланд ва тибқи иттилоъи вазорати саноат, ҳудуди 200 корхона аз ангишт чун сӯзишворӣ истифода мекунанд.   

Дар ҳамин ҳол экологҳо дар тамоми ҷаҳон ба кам кардани истеҳсол ва истифодаи ангишт даъват мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки дар сурати кам накардани партовҳо ба ҳавои сайёра аз тарафи корхонаҳои саноатӣ то соли 2030, ба замин хатари обшавии пиряхҳо ва обхезии умумиҷаҳонӣ таҳдид мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular