Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳбари ҳайати ИМА: аз Тоҷикистон хостем дар масъалаи Ёров таҷдиди назар кунад

Раҳбари ҳайати ИМА: аз Тоҷикистон хостем дар масъалаи Ёров таҷдиди назар кунад

Ёвари мушовири вазири корҳои хориҷаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Эмилия Пума, ки бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфт аз мақомоти Тоҷикистон хостааст дар масъалаи Бузургмеҳр таҷдиди назар кунанд.

“Дар ҷараёни гуфтугӯи дуҷониба мо масъалаи озодии ҷомеъаи шаҳрвандиро бардоштем ва аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш кардем дар масъалаи Бузургмеҳр Ёров таҷдиди назар кунад” — гуфт Эмилия Пума имрӯз дар нишати матбуотӣ бо рӯзноманигорони тоҷик.

Тибқи гуфтаи ӯ ИМА дар ин масоил изҳори нигаронӣ кардааст ва ҷонибҳо масъаларо ошкор баррасӣ карданд. “Ҳукумати шумо ҷавобҳои худро ироа кард, ки мутаассифона наметавонам инҷо зикр кунам, вале мо дар ин масъала изҳори нигаронӣ кардем” — гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин гуфт бо мақомоти Тоқикистон дар масъалаи ҳуқуқи инсон гуфтугӯ кардаанд. “Мо хоҳиш кардем ба намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ озодии бешатр дода шавад, то онҳо тавонанд фаъолияти худро озодона пеш баранд” — қайд кард Пола.

Гуфтанист, ки 23 октябр дар Душанбе Машварати ҳафтуми дуҷониба байни ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА баргузор шуд, ки дар он натиҷаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соли ҷорӣ баррасӣ ва имкониятҳои ояндаи ҳамкориҳо муайян гардид.  

22 октябр ёвари мушовири вазири хориҷаи Амрико бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вохӯрд, ки дар он ҷонибҳо масъалаи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, гуфтугӯҳои сиёсӣ ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular