Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПутин Аврупоро таҳдид ба муқобилаи ҳамсони мушакӣ кард

Путин Аврупоро таҳдид ба муқобилаи ҳамсони мушакӣ кард

Раисҷумҳури Русия мегӯяд дар сурати истиқрори мушакҳои ҷадид дар Аврупо, кишвараш муқобилаи ҳамсон хоҳад кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар конфронси матбуотӣ баъд аз дидор бо Ҷузеппе Конте нахуствазири Италия ба саволоти хабарнигорон дар хусуси хурӯҷи Амрико аз паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд посух дод.

Путин дар посух ба саволе мабнӣ бар хурӯҷи ИМА аз паймони мазкур ва истиқрори мушакҳои ҷадид дар Аврупо тасреҳ кард: масъалаи асоси ин аст — бо ин мушакҳои тоза ( Аврупо) чӣ хоҳад кард. Агар ин мушакҳо ба Аврупо дода шаванд ба таври табиӣ мо низ маҷбур ба муқобила хоҳем шуд.

Раисҷумҳури Русия афзуд: агар кишварҳои Аврупоӣ ин амрро қабул кунанд, бояд бидонанд, ки сарзаминҳои худро дар хатари муқобилаи ҳамсони мушакӣ қарор хоҳанд дод.

Вай бо баёни ин ки пештар аз барчида шудани паймони мушакҳои зиддибаллистик ва акнун паймони манъи мушакҳои ҳастаӣ ибрози нигаронӣ кардааст, гуфт: бо аз миён бардоштани ҳамаи инҳо чизе барои мамониъат аз густариши таслиҳот боқӣ нахоҳад монд. Дар ин сурат, ба назари ман вазъият бисёр хатарнок хоҳад шуд ва чизе ҷуз мусобиқаи таслиҳотӣ барҷой нахоҳад монд.

Владимир Путин ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико то кунун мадорики далолаткунанда бар нақзи паймони манъи мушакҳои ҳастаӣ аз сӯи Русия ироа накардааст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular