Sunday, October 26, 2025
ADS
HomeПаём нетЯк шаҳрванди Тоҷикистон дар Истамбул ҳамватанашро паронд (ду навор)

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Истамбул ҳамватанашро паронд (ду навор)

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки шахсияташ ҳанӯз маълум нест, дар Истамбули Туркия ҳашрванди дигари Тоҷикистонро парондааст. Ин ҳодиса дирӯз дақиқан соати 14.19 назди даромадгоҳи меҳмонхонаи “Буюк Париж”, ки аксари тоҷирони тоҷик зимни сафар ба Истамбул онҷо қарор мегиранд, ба вуқӯъ пайваст.

Манбаъи “Паём”, ду навор аз ҷои ҳодиса фиристод, мегӯяд ҳам чинояткор ва ҳам нафари парондашуда тоҷик буданд. Ин ду навор ҳанӯз дар ҳеҷ расонаи хабарӣ нашр нашудааст ва пулиси Туркия ҳам то ҳол баёнияе дар ин маврид содир накардааст.

Дар навор дида мешавад, ки як нафар таппонча дар даст аз меҳмонхона берун мешавад ва бо он ба ду нафари дигаре, ки дар кӯча истодаанд таҳдид мекунад. Ин ду нафар ба ӯ дармеафтанд. Яке мекӯшад таппончаро аз дасти ҷинояткор гирад, нафари дигар ӯро бо мушт мекӯбад.

Баъди чанд сония оне, ки мекӯшид таппончаро аз дасти ҷинояткор гирад ба замин меафтад ва ҷинояткор таппонча дар даст фирор мекунад. Чеҳраи ҷинояткор дар навор дида мешавад. Ин навор тавассути дурбини назоратии мағозае сабт шудааст, ки дар ҳамсоягии меҳмонхона қарор дорад.

Дар навори дуввум, ки бо телефони дастӣ сабт шудааст, дида мешавад нафари тирхӯрда дар замин афтодааст ва атрофаҳро мардуми зиёд печонидаанд. Ӯ бо мушкили ва оҳистагӣ сарашро меҷунбонад ва маълум аст, ки зинда мебошад. Онҷо як маъмури пулис ё муҳофизи низомипӯш ҳам дида мешавад.

Ин навор зоҳиран дарҳол баъди паронда шудани шаҳрванди Тоҷикистон гирифта шудааст.

Бо дастрас кардани маълумоти бештар, Паём хонандагонро аз ҷузъиёти ҳодиса огоҳ хоҳад кард.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?