Monday, October 27, 2025
ADS
HomeПаём нетҲНИТ иттлоияи Додгоҳи Олиро идомаи сиёҳкориҳо номид

ҲНИТ иттлоияи Додгоҳи Олиро идомаи сиёҳкориҳо номид

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот иттилоияеро, ки Додгоҳи Олӣ дирӯз пахш карда буд, беасос ва идомаи сиёҳкориҳои мақомот алайҳи ин ҳизб донист.

Гуфтанист, ки дирӯз Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ҳамаи муттаҳамони ҳамла ба сайёҳони хориҷиро аъзои ҲНИТ муаррифӣ карда буд.

Ин иттилоияи Додгоҳи Олӣ дар ҳоле садо дод, ки додраси парванда дар мусоҳибааш изҳор дошт муттаҳами асосии ҳамла Ҳусейн Абдусамадов гуфтааст амалиёти террористӣ бо дастури ДОИШ

Матни изҳороти ҲНИТ ба шакли зер аст:

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) иттилоияи Додгоҳи олии кишварро дар бораи узви ҲНИТ эълон кардани 5 нафар ҳамлагарони ҳодисаи Данғара мавриди баррасӣ қарор дода, тамоми иттиҳомотро беасос медонад ва шадидан рад мекунад.

Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали содир шудани ин ҷиноят, ДИИШ масъулияти онро ба ӯҳда гирифт. Дар мурофиаи додгоҳӣ, гумонбари аслии ин парванда Ҳусейн Абдусамадов дар сухани охири худаш ҳам эътироф кардааст, ки ин амали ҷиноятиро бо дастури ДИИШ анҷом додааст, аммо мақомоти кишвар аз ҷумла Додгоҳи олӣ ин эътирофотро нодида гирифта, боз ҳам ба иттиҳомоти беасоси худ алайҳи ҲНИТ пофишорӣ мекунанд.

Пештар ҳам Раёсати Олии ҲНИТ зимни маҳкум кардани ҳодисаи Данғара, на танҳо иттиҳомоти мақомоти кишварро дар бораи даст доштан дар ин ҳодиса рад намуда буд, балки хостори ташкили гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса шуд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон иттиҳомоти Додгоҳи олиро низ идомаи сиёҳкориҳо алайҳи худ дониста онро ба шиддат рад мекунад.

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

  1. 10. 2018
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?