Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет350 ҷои корӣ барои сокинони Хоруғ: 100 дар ВКД 100 дар Роғун…

350 ҷои корӣ барои сокинони Хоруғ: 100 дар ВКД 100 дар Роғун…

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи навтаъсиси фейсбукии худ эълон кардааст, ки барои сокинони бекори шаҳри Хоруғ дар чанд ниҳод ва минтақа ҷойҳои корӣ омода шудаанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ ин ҷойҳои корӣ “бо дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мусоидат намудан ба ҷавонони бекор ва корҷӯи шаҳри Хоруғ ҷиҳати таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори муносиб дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ” фароҳам шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ВМКБ гуфтаанд барои ҷавонони Хоруғ 100 ҷои корӣ дар НБО Роғун 100 дар ҷузъу томҳои ВКД ба ҳайси муҳофиз барои дорандагони билети ҳарбӣ омода шудааст.

Дар эълон омадааст “инчунин дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъи марказ 100 нафар”. Маълум нест дар ин чаҳор минтақа дар умум 100 ҷойи корӣ дар назар аст ё дар ҳар минтақа 100 ҷойӣ.

Ҳамчунин “дар шаҳри Исфара ба ҳайси духтур 10 нафар, ҳамшираи тиббй 10 нафар, муаллим 15 нафар, муаллима 15 нафар”-ро ҷойҳои корӣ мунтазиранд.

Музди меҳнати кормандон дар ҷойҳои кории эълоншуда аз 700 то 2000 сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад манбаъ.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular