Ожонси рутбабандии Fitch коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо қарзи бузурги хориҷӣ ва осебпазирии бахши бонкӣ пешбинӣ кардааст.
Таҳлилгарони ожонс ба ин назаранд, ки хатароти манфӣ барои иқтисоди Тоҷикистонро мешуд тавассути дастгирии молиявии Хазинаи байналмиллалии асъор (ХБА), камтар кард. Чанд сол аст, ки гуфтугӯҳо дар мавриди дарёфти қарзи имтиёзнок байни мақомоти кишвар ва ХБА идома дорад,
Ҳамчунин ба андешаи онҳо, дурнамои ояндаи иқтисоди Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Чин дар самти таъмини устувории қарзӣ вобаста аст, чун қисми бузурги қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.
Таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон бо ММД
Умед ба кӯмаки ХБА
Суръати рушди воқеъии ММД Тоҷикистон нисбат ба 7,1% дар соли 2017, дар солҳои 2018 ва 2019 то 5,8% ва 5,5% мутаносибан камтар мешавад, гуфта шудааст дар дар сайти Fitch Solutions (шӯъбаи Fitch Ratings, ки ба пахши маводи таҳқиқоти машғул аст).
Қайд гардидааст, ки хатароти манфӣ ба рушди иқтисодиро созишномаи дарназаргирифташуда бо ХБА метавонад камтар кунад.
Таҳлилгарони Fitch ба ин назаранд, ки имкони дарёфти қарзи имтиёзнок барои Тоҷикистон баъди сафари намояндагони ХБА ба Тоҷикистон дар сентябри соли ҷорӣ, ки дар натиҷа намояндагони хазина имкони имзои созишномаро тасдиқ карданд, бештар шудааст.
Созишнома болои суботи молӣ коҳиши осебпазириҳои берунии иқтисод ва таъмини рушди босубот тамаркуз хоҳад кард, гуфта мешавад дар мақола. Қайд гардидааст, ки созишнома имкон дорад соли оянда ба тасвиб расад.
“Барномаи ХБА метавонист қисме аз хатарот ба иқтисоди Тоҷикистонро хунсо созад. Ин созишнома бо гумони ғолиб тасбити молӣ ва ислоҳотро суръат бахшида, устувории қарзро боло мебарад ва муҳаррике барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ хоҳад шуд” — менависанд таҳлилгарони ожонс.
Гуфтугӯҳо байни мақомоти Тоҷикистон ва ХБА аз соли 2012, замоне, ки мӯҳлати қарзи қаблӣ ба охир расид, идома доранд. Маблағи кӯмаки молӣ аниқ нашудааст, аммо соли 2016 иттилоъе пахш шуда буд, ки ҳукумат $500 млн. кӯмак пурсидааст.
Вобастагӣ аз Чин
Таҳлилгарони Fitch қайд мекунанд, ки ислоҳоти бахши бонкӣ суст ҷараён дорад ва таҷаммӯъи қарзҳо дар пружаҳои зербиноӣ, новобаста аз огоҳиҳои ХБА, хатароти суботи молиро афзоиш дод.
Онҳо ба ин назаранд, ки минбаъд хеле чизҳо аз омодагии Чин барои дастгирии иқтисоди Тоҷикистон вобастагӣ хоҳад дошт.
“Чин бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон боқӣ мемонад — қарзҳои ин кишвар ҳудуди сеяки қарзи давлатии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Чин а Тоҷикистон барои рушди зербиноиҳо беш аз $1 млрд. қарз додааст” -омадааст дар мавод.
Қайд гардидааст, ки ҷадвали пардохти қарзҳои Чин ба нафъи Тоҷикистон аст ва дар баъзе ҳолатҳо ба унвони гарав захоири табии тилло истифода шудааст.
“Кӯшиши пешгирӣ аз нооромӣ дар сарҳади ғарбии худ ва бештар кардани ҳузури минтакаӣ бо гумони ғолиб ба ин маънӣ аст, ки Чин ба дастгирӣ аз иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои наздик идома хоҳад дод”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

