Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуркия ба сохти сомонаи дифоъи ҳавоии дурбурди миллӣ оғоз кардааст

Туркия ба сохти сомонаи дифоъи ҳавоии дурбурди миллӣ оғоз кардааст

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷмҳури Туркия аз оғози пружаи сохти сомонаи дифоъи ҳавоии дурбурди миллии кишвараш хабар дод.

Урдуғон тайи суханоне дар маросими ифтитоҳияи зерсохтҳо барои тавсеаи фановарии миллӣ дар Анқара эълом кард: пружаи сохти сомонаи дифоъи ҳавоии дурбурди миллии Туркия оғоз шудааст.

Вай дар идома ҳамчунин изҳор дошт:

“Саҳми 65 дарсадии технолоҷии бумӣ ва миллӣ дар саноеъи дифоъиро ба беш аз ин низ хоҳем расонд. Туркия бо шитоб ба самти тавсеа дар ҳама ҳавзаҳои дифоъӣ, ҳавонавардӣ ва фанновариҳои фазоӣ пеш меравад.

Бо талош бетаваққуф дар заминаи саноеъи дифоъи миллӣ метавонем ҳадафи худ дар таҳаққуқи Туркияи мустақил ва қавиро амалӣ кунем. Умедворам пружаи сохти сомонаи дифоъи ҳавоии дурбурди миллии Туркия бо хайр ва баракат ҳамроҳ бошад”.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular