Хонандагони Академияи “Имперотурии дониш” оид ба риёзии зеҳнӣ дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар Маскав 32 медал ба даст оварданд. 4 медали дигар наврасон дар мусобиқоти Roboliga World гирифтанд, ки дар натиҷа тими Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи Robooky шуд.
3-4 ноябр дар Маскав олимпиада оид ба риёзии зеҳнӣ, тақҳизоти роботӣ ва инжиниринг баргудор гардид. Дар он 350 наврас аз 10 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Армения ва ғайра ширкат карданд.
Ба олимпиада Академияи “Имперотурии дониш” 33 беҳтарин риёзидонҳои худро, ки дар оимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаи GeniusKid ASIA 2018 ғолиб омада буданд, фиристод.
Риёзидонҳои ҷавон дар 9 номгӯ аз риёзии зеҳнӣ ширкат карданд ва 28 медал ба даст оварданд: 6 тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ.
Онҳо акнун ба Малайзия рафта, дар олимпиадаи PAMA Global Abacus & Mental Arithmetic Association ширкат хоҳанд кард.
4-уми ноябр мусобиқотиRoboliga World оид ба эъҷодиёти техникӣ баргузор шуд. Наврасон аз Тоҷикистон дар 3 номгӯи он ширкат намуда ду ҷои аввал ва ду ҷои саввум ба даст оварданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

