Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИзҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон вобаста ба нерӯгоҳи Роғун

Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон вобаста ба нерӯгоҳи Роғун

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз ба кор даромадани НБО Роғун изҳори хушҳолӣ кард ва аз он истиқбол намуд. 

«Дар бунёди ин иншооти муҳими кишвар тамоми мардуми Тоҷикистон саҳм доранд. Паймони Миллии Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи миллат дар шодии кулли мардуми Тоҷикистон шарик аст ва аз ба фаъолият шурӯъ намудани нерӯгоҳи Роғун истиқбол мекунад», омаддаст дар изҳорот.

Матни изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон:

Мардуми Тоҷикистон тайи солҳои тӯлонӣ дар интизори эъмор ва ба кор даровардани нерӯгоҳи обии барқии Роғун буд.

Бо вуҷуди доштани чандин нерӯгоҳ норасоии барқ яке аз мушкилоти калони мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Солҳои тӯлонӣ ҳукумати Тоҷикистон мардуми ҷумҳурӣ ва ҷомеаи байналмилалиро бовар мекунонд, ки мушкилоти кишвар: тақсири ҳамсоякишвар, мухолифин ва норасоии барқ мебошанд.

Ҳоло бо бартараф шудани монеъаи охирин, яъне мушкилоти бебарқӣ бояд, ки на фақат хонаҳои мардум чароғон гардад, балки садҳо ҳазор муҳоҷир ба кишвар баргашта, шароити мусоид барои зиндагӣ, кору фаъолияташон муҳайё шавад.

Дар бунёди ин иншооти муҳими кишвар тамоми мардуми Тоҷикистон саҳм доранд. Паймони Миллии Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи миллат дар шодии кулли мардуми Тоҷикистон шарик аст ва аз ба фаъолият шурӯъ намудани нерӯгоҳи Роғун истиқбол мекунад.

Паймони Миллии Тоҷикистон умед дорад, ки бо гардиши чархи аввал гардиши наве дар рӯзгори тоҷикистониён гашта, хонаи торики модари тоҷик фурӯзон шуда, чашми интизори ӯ бо баргаштани фарзанди муҳоҷираш мунаввар мегардад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

16 ноябри соли 2018

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular