Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТарҳи буҷаи $2,5млрдии Тоҷикистон ба парлумон рафт

Тарҳи буҷаи $2,5млрдии Тоҷикистон ба парлумон рафт

Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2019-ро таҳия кардааст, ки 23,8 миллиард сомонӣ (2,52 миллиард доллар) пешбинӣ мешавад. Парлумони кишвар дар иҷлосияи навбатии худ онро ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Ин тарҳ, ки аз тарафи Вазорати молия ба парлумон фиристода шудааст ва рӯзи 28 ноябр онҷо ҳамроҳ бо Барномаи давлатии қарзи хориҷӣ матраҳ хоҳад шуд.

Тибқи тарҳи вазорат, буҷаи Тоҷикистон барои соли 2019  23,8 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ 2,5 миллиард ё 11% бештар аст. Аммо дар ҳисоб бо доллари ИМА ин афзоиш 4,5%-ро ташкил додааст.   

Бахши даромад дар буҷаи имсол дар ҳаҷми 19 миллиарду 568 миллион сомонӣ ва хароҷот ҳудуди 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular