Friday, October 24, 2025
ADS
HomeПаём нетИмрӯз рӯзи ғазаб барои Ҳалаб аст

Имрӯз рӯзи ғазаб барои Ҳалаб аст

Раҳбари кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон шайх Алӣ Муҳйиддин ал-Қарадоғӣ, имрӯз 30-уми сентябрро рӯзи ҷаҳонии ғазаб барои Ҳалаби Сурия эълон кардааст.

Ӯ аз тамоми имомхатибони масоҷиди дунё даъват кардааст хутбаи имрӯзро ба вазъи Ҳалаб бахшанд. Ҳамчунин шайх Қарадоғӣ аз тамоми мусалмонони дунё даъват ба амал овардааст барои мардуми ин шаҳри зери оташ дуъо кунанд.

 Шайх Қарадоғӣ бо навиштани як нома  аз СММ ва сарони тамоми кишварҳои ҷаҳон хоҳиш кардааст ба вазъи Сурия ва қатли оми мардуми бегуноҳи он расидагӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафтаи охир шаҳри Ҳалаб аз тарафи бомбафканҳои русӣ ва режими Башор Асад бомбаборон мешавад. Тибқи маълумотҳои гуногун танҳо як ҳафтаи охир дар ин шаҳр аз 320 то 500 нафар кушта ва ҳазорҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Аз хонандагони Паём.нет ҳам хоҳиш мешавад дар дуъоҳои худ мардуми мазлуми Сурия, бахусус шаҳри ҳалабро фаромӯш накунанд  

 

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?