Friday, March 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаъимҷон Самеев ба Тоҷикистон истирдод шуд

Наъимҷон Самеев ба Тоҷикистон истирдод шуд

Наъимҷон Самеев, собиқ раиси шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, ки шоми 30 ноябр дар Русия боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод шуд. Тайёраи ҳомили ӯ дақоиқе пеш аз фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав парвоз кард.

Самеев шоми 30 ноябр дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия боздошт ва сипас ба пулиси вилояти Ставропол мунтақил шуда буд. То соате пеш аз ӯ ҳеҷ иттилоъе вуҷуд надошт.

Манбаъи Паём гуфт, ки Наъимҷон Самеев субҳи имрӯз ба Маскав оварда шуда, ҳаминак ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Самеев мисли аксари фаъолони собиқ ва имрӯзаи ҲНИТ таҳти пайгарди мақомоти Тоҷикистон қарор дошт ва аз аввали соли 2015 ба таври нимапинҳонӣ дар Русия ба сар мебурд. Тибқи гуфтаи наздиконаш як ҳафтаи охир мақомоти амниятии Русия чанде аз онҳоро оиди макони будубошаш пурсуҷӯ карда буданд.

Тибқи маълумоти бадастомада баъди  боздошташ билофосила ба маркази пулис дар вилояти Ставропол интиқол дода шудааст.

Наъимҷон Самеев аз соли 2005 то замони мамнӯъ шудани фаъолияти он узви Раёсати олии ҲНИТ буда, аз соли 2008 то 2013 чун раиси шӯъбаи вилоятӣ ва аз соли 2013 то аввали 2015 ҳамчун раиси бахши ноҳияии ин ҳизб дар ноҳияи Исфара фаъолият кардааст. Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вилояти Суғд буд.

Ӯ мутаваллиди деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар 26 майи соли 1962 ва хатмкардаи техникуми шаҳри Исфара ва Донишгоҳи исломии ба номи Имом Абӯҳанифаро аст. Аз донандагони забардасти сарфу наҳфи арабӣ маҳсуб мешавад.

Бинобар фаъолияти густардаи сиёсиаш дар Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз баста шудани ҲНИТ зери фишору таъқиби шадиди мақомот қарор гирифта, аввали соли 2015, 8 моҳ қабл аз баста шудани ин ҳизб маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд.

Баъди истирдодаш ба Тоҷикистон, имкони шиканҷа қарор гирифтан ва маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ шуданаш хеле бузург аст.

 

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular