Намояндаи Фаридуншаҳр дар маҷлиси Эрон аз истеъфои дастаҷамъии намояндагони устони Исфаҳон хабар дод.
Акбар Туркӣ, намояндаи Фаридуншаҳр дар маҷлиси Эрон гуфт, тамоми намояндагони устони Исфаҳон дар Маҷлиси Эрон дар эътироз ба ҳазфи пружаҳои обрасонӣ дар ин устон аз буҷаи соли ояндаи Эрон, ба сурати дастаҷамъӣ истеъфо доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, вай дар ин бора тавзеҳ дод: номаи истеъфои 18 намояндаи ин устон имрӯз тақдими ҳайати раёсати парлумон шуд.
Вай далели истеъфои намояндагонро ин гуна баён кард: намояндагон ба далели ҳазфи пружаҳои обрасонии устони Исфаҳон аз радифҳои буҷаи соли оянда, номаеро тадвин ва дар он истеъфои худро эълом карданд ва дар интизори сипарӣ шудани мароҳили қонунии истеъфои худ ҳастанд.
Дар ин нома омадааст: “Оқои раисҷумҳур дар таблиғоти интихоботии худ эҳёи рӯдхонаи Зояндарӯдро эълом карда буд аммо солҳо мегузард ки ҳеҷ, барномае ҳатто барои таъмини оби нӯшокӣ мавҷуд нест”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

