19.09.2016
Тешаев Шералӣ бародари Тешаев Маҳмадӣ, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рудакӣ аз тарафи кормандони амният боздошт шуда 1 шабонарӯз бедарак мешавад.
******
Қаюмов Тағаймурод, падари Бобоҷони Қаюмзод ба кумитаи амнияти шаҳри Кулоб бурда мешавад. Қаюмов Тағаймурод (т.1949) ба муддати 2 рӯз дар ин кумита дар боздошт нигоҳ дошта мешавад.
******
Зубайдулло Комилов бародари Ҷаннатуллоҳ Комиловро кормандони шӯъбаи КДАМ-и ноҳияи Данғара бо худ мебаранд. Зубайдуллоро (т.1977) 3 шабонарӯз дар кумитаи амнияти ноҳия нигоҳ медоранд.
******
Зайниддинова Миҷгона, ҳамсари Руҳуллоҳ Тиллозода — писари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба кумитаи амният бурда аз саҳар то шаб нигоҳ медоранд.
20.09.2016
Давлатова Сафармо ва Абдулло Ҳусайнӣ — модар ва бародари Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари ҷонишини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайниро ба кумитаи амният даъват намуда то соати 21 онҷо нигоҳ медоранд.
******
Файзраҳмонова Маснавихон (1956) — модари Муҳмудҷон Файзраҳмонов ҳам ба шӯъбаи кумитаи амният даъват шуд. Бо вуҷуди бемории фишори хун доштанаш дар кумитаи амният то шаб бозҷуӣ шуд. Вақте бемориаш боло гирифт ва ҳолаш бад шуд ӯро ҷавоб доданд.
******
Ду нафар ношинос ҳамроҳи имомхатиби маҳалла ба хонаи модари Фатҳиддин Маҷидов собиқ раиси шуъбаи ҷавонони идораи марказии ҲНИТ рафта, талаб менамоянд ба Фатҳиддин расонанд, ки дар тазоҳурот ширкат накунад. Сипас онҳо Фақирова Нуқра (т.1964) — модари Фатҳиддинро ба идораи ҷамоат даъват мекунанд.
21.09.2016.
Соати 22-и шаб шаш нафар кормандони КДАМ бо наворбардор ба хонаи модари Ҷанатуллоҳ Комилов рафта, ӯро маҷбур мекунанд, ки гап занад то онҳо сабт кунанд.
********
Модари Маҳмудҷон Файзраҳмонов бори дигар ба шӯъбаи Кумитаи амният бурда мешавад.
******
Модар ва бародари Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ бори дигар ба Кумитаи амният даъват мешаванд.
22.09.2016.
Дар назди хонаи Ёқубова Очахон (т.19..), модари Илҳомҷон Ёқубов як гурӯҳи 100 -200 нафара ҷамъ шуда, бо садои баланд “Нест бод Кабирӣ” ва “Илҳом Ёқубов хоин аст” гуфта шиорпартоӣ мекунанд.
***************
Раиси ҷамоати Даҳана, ноҳияи Кӯлоб ҳамроҳи имомхатибҳо ва як гурӯҳи дигар аз “фаъолон”-и деҳаҳои атроф ба назди хонаи Қаюмов Тағаймурод рафта шиорпартоӣ мекунанд ва Бобоҷон Қаюмзодро хоин мехонанд.
*******
Кормандони КДАМ ба хонаи Саймо Кулова, модари Ҷаннатуллоҳи Комил рафта аз ӯ бо роҳи фишор сабти видеоӣ мегиранд. Замоне, ки ин навор сабт мешуд Зубайдуллоҳ, бародари Ҷанатуллоҳ дар боздоштгоҳ асири КДАМ буд. Сабти ин навор 30.09 аз тарафи фейкҳои амниятӣ расонаӣ шуд.
******
Модари Маҳмудҷон Файзраҳмонов бори дигар ба шӯъбаи Кумитаи амният бурда мешавад.
********************
Духтари 9 солаи Шабнам Худойдодова — Давлатова Фотимаро аз мактаби №40-и шаҳри Кӯлоб берун намуда, мавриди озору таҳқир қарор медиҳанд ва онро наворбардорӣ мекунанд. Фотима бо сару рӯй ва бадани сиёҳу кабудшуда ба хона меравад.
******
Модар ва бародари Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ бори дигар ба Кумитаи амният даъват мешаванд.
******
Бародари дигари Ҷанатуллоҳ Комилов — Ҷунайдуллоҳ (с.т 1979) аз тарафи КДАМ барои чанд соат боздошт мешавад.
23.09.2016.
Кормандони КДАМ раиси маҳалла, муаллимон ва имомхатибҳоро ҷамъ намуда ба хонаи Сайидумар Ҳусайнӣ мебаранд. Аз хонаводаи Ҳусайнӣ мехоҳанд, ба Муҳаммадиқбол гӯянд, ки аз роҳаш баргардад. Ба гуфтаи онҳо Муҳаммадиқбол кишварро ноором мекардааст.
******
Зӯҳро Неъматова, модари Абдусамад Абдусатторов, узви ҲНИТ пас аз фишорҳои зиёди мақомот, дар натиҷаи баланд шудани фишори хун ва сактаи қалбӣ, дунёро тарк мекунад.
******
Як гурӯҳи 200-300 нафара ба назди хонаи Ҷӯраева Мунира, хоҳари хурдии Илҳомҷон Ёқубов дар шаҳри Хуҷанд рафта, шиорпартоӣ мекунанд. Онҷо кӯдакону занонро ҳам таҳқиру носазо мегӯянд.
******
Як гурӯҳ аз донишҷуёни донишгоҳи Кӯлоб ба назди хонаи падари Бобоҷони Қаюмзод барои шиорпартоӣ бурда мешаванд.
******
Гурӯҳи калони занҳо, аз ҷумла кормандони ҷамоъати Себистони ноҳияи Данғара ба хонаи модари Ҷаннатуллоҳ Комилов рафта доду фарёд ва шиорпартоӣ мекунанд.
*******
Ба хонаи модари Шабнам Худойдодова — Ҷамила Худойдодова гурӯҳи донишҷӯён бурда мешаванд, ки дарвоза ва боми хонаро сангборон ва шиорпартоӣ мекунанд.
******
Як гурӯҳ “эътирозгарон” ба назди хонаи Абдуқаҳҳори Давлат, узви раёсати олӣ ва шурои сиёсии ҲНИТ, ки ҳоло дар зиндон аст, рафта шиорпартоӣ ва ҳамсари ӯ Давлатова Зебонисоро (1982) таҳқир мекунанд.
******
Дар ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Мирзо Турсунзода, деҳаи Истиқлол як гурӯҳ “эътирозгарон” дар назди хонаи Тешаев Шералӣ ҷамъ омада шиорҳои таҳқиромез сар медиҳанд.
******
Падару модари Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, роҳбари гурӯҳи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро кормандони КДАМ ба маркази ҷамоат даъват менамоянд. Онҷо байни мардуми аз дигар деҳаҳо овардашуда онҳоро таҳқир, намуда “додгоҳи халқӣ” меороянд.
24.09.2016.
соати 09:10. вақти Душанбе. Як гурӯҳ донишҷӯён ба назди хонаи Сайидумар Ҳусайнӣ барои шиорпартоӣ бурда мешаванд. Яке аз донишҷӯён аз дохили “тазоҳурот” ба сомонаи Паём.нет хабар ва акс фиристода мегӯяд, ки онҳоро маҷбурӣ овардаанд.
******
Соати 10:15. вақти Душанбе. Як гурӯҳи 20 нафара дар назди хонаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ шиорпартоӣ мекунанд. Пас аз сӯҳбати яке аз фарзандони Нурӣ бо онҳо, “тазоҳургарон” пароканда мешаванд.
******
“Эътирозгарон” боз дар назди хонаи Тешаев Шералӣ, узви фаъоли ҲНИТ ҷамъ мешаванд.
******
Ҷамила Худойдодова, ба ШВКД шикоят мебарад. Онҷо ба ӯ посух медиҳанд, ки “шумо хоинед, ҳамаи шуморо куштан лозим”.
******
“Тазоҳургарон” назди хонаи падари Сайфова Гулбарг — Қудрат Сайфов рафта шиорпартоӣ ва дарвозаи онҳоро сангборон мекунанд.
******
Дар деҳаи 1-уми май, ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш кормандони КДАМ назди хонаи модари Фатҳиддин Маҷидов пахтачинҳоро ҷамъ ва шиорпартоӣ мекунанд.
******
“Эътирозчиён” назди хонаи падари Абдуқаҳҳори Давлат — Давлатов Абдукарим (с.т.1940) рафта шиорпартоӣ мекунанд ва байни мардум маҷбур мекунанд то сӯҳбат намояд ва сабт кунанд.
******
соати17:10 вақти Душанбе. Гурӯҳи 150-200 нафараи “эътирозгарон” ба назди хонаи С. А. Нурӣ бармегарданд. Баъди каме шиорпартоӣ ба дохили ҳавлӣ ворид шуда онҷо ба шиорпартоӣ ва доду фарёдашон идома медиҳанд.
25.09.2016.
Падари Муҳаммадҷон Сафарзода ва бародари раиси ҲНИТ М.Кабирӣ- Сафар Кабиров ба шӯъбаи кумитаи амнияти ноҳияи Ваҳдат даъват мешавад.
******
Кормандони КДАМ ба хонаи Зайниддинов — падараруси Рӯҳулло Тилллозода, воқеъ дар деҳаи Заргари ш .Ваҳдат рафта, Зйниддинова Миҷгона ҳамсари Р. Тиллозодаро бо тифлони хурдсолаш ба кӯча мебароранд, то зидди хонаводаи шавҳараш пеши дурбин ва назди ҷамъомадагон носазо гӯяд.
******
“Тазоҳургарон”-и амниятӣ ба назди хонаи марҳум Неъматова Зӯҳро — модари Абдусамад Абдусатторов рафта назди мардуми ба азо ҷамъшуда шиорпартоӣ мекунанд.
26.09.2016.
Падари Муҳаммадҷон Сафарзода — Сафар Кабиров ба идораи марказии КДАМ даъват мешавад.
******
соати 09:25. вақти Душанбе. Гурӯҳи 40-50 нафараи “ташабускорони ихтиёрӣ»-и аз пахтачинҳо ҷамъшуда дар ҷамоъати Раҷаб Исмоили шаҳри Ваҳдат назди манзили хоҳарбузурги М. Кабирӣ — Кабирова Саъида (т.1956), маъюби гурӯҳи 2-юм, шиорпартоӣ ва наворбардорӣ мекунанд. Ҳамроҳи пахтачинҳо имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Ваҳдат, муллоҳои маҳал, муаллимон ва раисони маҳаллаҳо ҳузур доштанд. Яке аз шиорҳои онҳо “Баро ҷавоб деҳ, хоин” будааст. Кабирова Саида баромада ҷавоб медиҳад, ки “шумо ки ҳастед, маро пеши Президент баред ҷавоб мегӯям”.
*******
Шаҳри Хуҷанд. Назди хонаи Ёқубов Алиҷон — бародари Илҳомҷон Ёқубов, собиқ раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд ҳамон тӯдаи “эътирозгарон” ҷамъ омада бо доду фарёдҳои таҳқиромез аксҳои роҳбарони мухолифинро оташ мезананд.
******
соати 14:20 вақти Душанбе. Кабирова Саида ҳамроҳи шавҳараш Пиров Саид ба шӯъбаи КДАМ-и ноҳияи Ваҳдат даъват мешаванд.
******
Гурӯҳи саднафара бо шумули “фаъолон”, раисони ҷамоъатҳо ва табибон ба манзили падари 95 солаи Муҳиддин Кабирӣ омада, ба ӯ дарси «Масъулияти волидайн» меомӯзонанд. Падари 95 сола ҷавоб медиҳад, «намондед, ки рафта насиҳат кунам».
******
17.10. Кабирова Саида, хоҳарбузурги раиси ҲНИТ аз дасти “тазоҳургарон”-и назди хонааш фирор карда ба хонаи падараш меравад ва онҷо “гурӯҳи ташаббускор”-и саднафара, ки ба хонаи падараш омада буданд, бармехӯрад.
27.09.2016
Кормандони КДАМ ва ВКД ба хонаи Сайидумар Ҳусайнӣ омада, мехоҳанд онҳоро ба шӯъбаи ВКД баранд. Аммо модари Муҳаммадиқбол қабул намекунад. Онҳо аз модари Муҳаммадиқбол мехоҳанд, ки ба ӯ занг занад ва бо Муҳаммадиқбол сӯҳбат мекунанд аз ӯ мехоҳанд, тарки нишасти САҲА намуда ба Ватан баргардад.
******
Сафар Кабиров бародари калонии раиси ҲНИТ бори дигар ба идораи марказии КДАМ даъват мешавад.