Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТазоҳургарон баёнияи худро ба сафорати Тоҷикистон супориданд

Тазоҳургарон баёнияи худро ба сафорати Тоҷикистон супориданд

Гурӯҳи ҳаштнафараи намояндагони тазоҳургарон баёнияи худро ба назди сафоратхонаи Тоҷикистон бурданд. Бинобар баста будани дари сафоратхона онҳо баёнияро назди даромадгоҳи он гузоштанд.

Тиӣқи гуфтаи барандаи гирдиҳамоӣ Шарофиддин Гадоев дар он ҳудуди 300 нафар ширкат карданд. Шиори асосии онҳо озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ буд.

Дар тазоҳурот раҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон Абдусаттор Бобоев, Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо,  Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари вакили дифоъи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Шӯрои сиёсии Паймони Миллии Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ намуданд.

Баъди супоридани баёния, тазоҳургарон ба тарафи Бундестаг — парлумони Олмон ҳаракат карданд. Қарор аст дар рӯбарӯи Бундестаг ҳам як гирдиҳамоии дигар баргузор гардад.

Тазоҳургарон аз ҳукумати Олмон талаб доранд, ки аз кӯмак ба режими Тоҷикистон, ки он кӯмакҳоро барои саркӯби мухолифон ва тақвияти пояҳои режим истифода мекунад, худдорӣ намояд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular