Friday, March 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМузокироти Толибон бо Амрико дар Амороти муттаҳидаи араб оғоз шуд

Музокироти Толибон бо Амрико дар Амороти муттаҳидаи араб оғоз шуд

Намояндагони Толибони Афғонистон ва мақомоти Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Амороти муттаҳидаи араб музокироти худро оғоз карданд. Мавзӯъи аслии ин гуфтугӯҳо бардоштани гомҳои амалӣ барои эҷоди сулҳ ва поён додан ба ҷанги 17-солаи Афғонистон эълом шудааст.

Рӯзи душанбе 18 декабр намояндагони нерӯҳои Толибони Афғонистон ва Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон музокироти худро дар Амороти муттаҳидаи араб оғоз карданд.

Бино ба гузориши Рейтерз, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон эълом кардааст, ки намояндагоне аз Арабистони Саудӣ, Покистон ва Амороти муттаҳидаи араб низ дар ин гуфтугӯҳо ширкат доранд.

Муҳаммад Файсал, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон, дар твитери худ ибрози умедворӣ кардааст, ки ин музокирот ба ёфтани роҳҳали мусоламатомез барои поён додан ба ҷанг ва хунрезӣ дар Афғонистон биянҷомад. Покистон созмондиҳандаи гуфтугӯҳо бо Толибон дар Абудабӣ аст.

Гуфта мешавад, ки ин музокирот дасти кам дар ду ҷаласа сурат мегирад.

Тарҳи музокироти мустақим миёни Толибон ва намояндагони давлати Афғонистон барномарезӣ нашудааст. Аммо намояндагони давлати Афғонистон низ дар Амороти муттаҳида ҳузур доранд. То ба ҳол Толибон аз гуфтугӯи мустақим бо намояндагони давлати Афғонистон худдорӣ кардааст. Толибон, давлати Кобулро дастнишондаи Амерко мехонад.

Ба гуфтаи Забеҳоллоҳ Муҷоҳид музокироти Толибон ва Амрико дар макони номаълуме оғоз шудааст. Ў гуфт, ки ин гуфтугӯҳо се рӯз ба тӯл хоҳад анҷомид.

Сафоратхонаи Амрика дар Кобул барпоии ин нишастро таъйид накардааст. Ин сафоратхона дар музокироти пешин миёни намояндагони Толибон ва намояндаи вижаи Амрико дар гуфтугӯҳои сулҳ низ мавзеъгирии мушобеҳе доштааст.

Пеш аз ин Залмай Халилзод, намояндаи Амрико аз музокира бо сарони Толибони Афғонистон хабар дода буд.

Халилзод то кунун ду бор бо мақомҳои Толибон дар Қатар дидор доштааст. Ў умедвор аст пеш аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон дар март сол оянда тавофуқи сулҳро бо Толибон ба имзо расонд.

Халилзод таъкид кард, ки барои поён додан ба ҷанги Афғонистон роҳҳали низомӣ наметавонад ба кор гирифта шавад.

Ҳамидуллоҳ Муҳибӣ, мушовири амниятии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон низ гуфт, ки агарчӣ давлати Афғонистон намояндаи мустақиме дар ин музокирот надорад, аммо ҳайате аз намояндагони давлати Кобул дар Аморот раванди гуфтугӯҳоро думбол мекунанд.

Толибон дар баёнияе, ки дар бораи ин музокирот содир карда, таъкид кардааст, ки «ҳеҷ барномае барои баргузории нишаст бо намояндагони давлати Кобул надорад» ва «дар ҷаласае, ки намояндагони давлат дар он ҳузур дошта бошанд ширкат нахоҳад кард».

Нақши Арабистони саудӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба ташдиди ихтилоф миёни Арабистони Саудӣ ва Қатар, дипломатҳои ғарбӣ интихоби Абудабиро ба унвони маҳалли баргузории ҷаласаи музокира бо Толибон, талошҳои Аморот арабӣ барои ширкати фаъоли Арабистон дар ин музокирот хондаанд.

Музокироти пешин миёни намояндагони Амрико ва Толибон дар Қатар сурат гирифта буд.

Давлати Арабистони Саудӣ дар моҳҳои ахир ҳудуди шаш миллиард доллар кӯмаки молӣ дар ихтиёри давлати Исломобод қарор додааст. Шояд ба ҳамин далел нишасти Амороти араб барои сулҳ Афғонистон аз сӯи Покистон баргузор мешавад.

Яке аз дипломатҳои ғарбӣ изҳор дошт, ки барои пешбурди музокирот бо Толибон ҳеҷ роҳе ба ҷуз ширкати Покистон дар ин музокирот вуҷуд надорад.

Ҷанги Афғонистон тӯлонитарин ҷанги Амрико маҳсуб мешавад. Давлати ИМА пас аз мудохилаи низомӣ дар Афғонистон дар соли 2001 ва суқути давлати Толибон то ба ҳол ҳудуди як триллион доллар дар Афғонистон ҳазина кардааст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular