Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБародари Фатҳуллоҳ Гулен дастгир шуд

Бародари Фатҳуллоҳ Гулен дастгир шуд

Полиси вилояти Измири Туркия аз боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари ҳаракати «хидмет» дар ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои  полиси вилояти Измири Туркия  Қутбиддин Гулен дар минтақаи Ғози Амири ин устон аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт ва равонаи зиндон шудааст .

Полиси вилояти Измир маълумоти бештаре дар хусуси иттиҳомоти дақиқ ва муддати боздошти Қутбиддин Гулен эълом накардааст .

Бар асоси ин гузориш, Вазорати додгустарии Туркия ҳам бо таъкид бар инки дастури кудатои нофарҷоми 15-и июли соли ҷорӣ дар ин кишвар ба таври мустақим тавассути Фатҳуллоҳ Гулен содир шуда, хоҳони дастгирии вай дар Амрико шудааст .

Кишвари Туркия Фатҳуллоҳ Гуленро, ки дар ҳамчун паноҳанда дар Амрико зиндагӣ мекунад, сабаби аслии талош барои анҷоми кудатои нофарҷом дар Туркия муаррифӣ кардааст .

Мақомоти Туркия дар паи ин кудато поксозии густардаи тарафдорони Гуленро дар бахшҳои давлатӣ, артиш, мақомоти судӣ, омӯзиш ва иқтисод оғоз кардаанд ва тафтишот идома дорад .

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular