Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки пас аз хомӯшии тӯлонӣ ду ҳафта қабл вориди гуфтугӯи мустақим бо мардум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шуда буд, қарор аст имрӯз, 30-январ ба он гуфтугӯ идома диҳад. Зоҳиран вакили собиқи парлумони Тоҷикистон ва раиси дуввумин ҳизби қудратманди кишвар то замони манъи фаъолияташ марҳилаи нави муборизаҳои сиёсиро оғоз кардааст.
Дар гуфтугӯи қаблиаш раҳбари Паймони Миллӣ гуфта буд минбаъд чунин гуфтугӯҳо бо мардум идома хоҳанд кард. Ӯ хомӯшиашро то ин замон ба он рабт дод, ки “машғули корҳои ташкилӣ” буданд. “Тӯли ин се сол, баъди он ҳодисаи фоҷеъабор Наҳзати исломӣ ниёз ба як фурсате доштем то худро бозсозӣ кунем ва дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем, ки чӣ гуна дар он метавонем фаъолият кунем ва барои ояндаи кишвар чӣ барнома дорем”.
Ӯ гуфт тӯли се сол корҳои ташкилӣ анҷом ёфтанд ва ҳам Паймони Миллӣ таъсиси шуду фаъолияти Наҳзат аз нав бозсозӣ гардид “ва мо билохира ба чанд савол дар назди худамон ҷавоб пайдо кардем, ки мо кӣ ҳастем, дар чӣ шароитем, рақиби мо, тарафҳои дигар дар кадом ҳолат ҳастанд ва дар ин шароии ҷадид чӣ гуна мубориза бояд бурд”.
Аммо сабаби зуҳури камтараш дар шабакаи маҷозиро чунин шарҳ дод, ки “аслан ман тарафдори он нестам, ки як сиёсатмадор чӣ мавзӯъ дуруст аст ё нест, муносиб ба ӯ ҳаст ё нест, мавқеъи гуфтанаш ҳаст ё нест, ҳамеша ба саҳна барояд ва сӯҳбат кунад… Ман бештар тарафдори он ҳастам, суханро вақте бояд гуфт, ки одам ҳарфе барои гуфтан дошта ва мавқеъу фурсаташ фаро расида бошад”.
Паймони Миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки раиси он Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ба соати 20.00 бо вақти Душанбе ва 18.00 бо вақти Маскав ба суолҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ посух хоҳад гуфт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

