Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар пешниҳод кардаанд сиёсати нархгузории худро дар парвозҳои байналмиллалӣ бозбинӣ намоянд, то муштариёнашонро аз даст надиҳанд.
Раҳбари оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар нишасти хабариаш гуфт, ки охири соли гузашта онҳо ширкатҳои ҳавопаймоиро даъват намуда, тағйироте ба сиёсати нархгузорӣ ворид кардаанд, то мусофирон аз ширкату фурӯдгоҳҳои маҳаллӣ истифода кунанд. Дар натиҷа, тибқи гуфтаи ӯ, қимати билетҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони ҷорӣ нисбат ба мавсими баҳору тобистон 15-20 фоиз поёнтар рафтаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо як ширкати ҳавопаймоӣ — Сомон Эйр фаъолият мекунад. Ширкати миллии Тоҷик Эйр бинобар мушкилоти молӣ парвозҳояшро қатъ кардааст.
Қимати билетҳои Сомон Эйр то ҳол ба маротиб болотар аз қимати ширкатҳои ҳамсоякишварҳо мемонанд. Барои мисол қимати билети Тошканд Маскави Ӯзбекистон ҳаво йуллари 100 евро аст, аммо Сомон Эйр барои парвоз аз Душанбе ба Маскав 200 евро нархгузорӣ кардааст.
Коршиноси масоили иқтисодӣ Абудаманнон Шералиев, ки дар соҳаи ҳавонавардӣ ҳам фаъолият кардааст, мегӯяд бо як пешниҳоди Оҷонсии ҳавонавардӣ намешавад қимати билетҳоро поён бурд.
Ӯ мегӯяд “қимати билетҳо вобастагӣ ба қимати сӯзишворӣ, хидматрасонии фурӯдгоҳҳо, андоз ва ғайра дорад. Бояд пеш аз он ки ба ширкати ҳавопаймоӣ маслиҳат диҳӣ қимати билеташро поён барад, бояд роҳҳои поён бурдани қимати сӯзишвориву хидматрасонии фурӯдгоҳҳоро пайдо кард. Ин маслиҳат кӯшишҳои давлат барои поён бурдани нархи гӯштро мемонад — аз гӯштфурӯш талаб мекунанд то гӯштро арзонтар фурӯшад, аммо барои поён бурдани қимати чорво коре намекунанд”.
Ба андешаи ӯ осонтарин роҳи поён бурдани қимати билет дар кишвар аз монополия раҳо кардани воридоту фурӯши сӯзишворӣ ва эълони сиёсати “осмони боз” бо ба кишвар роҳ додани ширкатҳои хориҷӣ аст. “Вақте рақобат ҳаст ва нархро худи бозор муайян мекунад, ҳеҷ ниёзе ба дахолати давлату мақомот ба нархгузорӣ боқӣ намемонад” — гуфт Шералиев.
Мусофирони тоҷик ҳарчӣ бештар тарҷеҳ медиҳанд тавассути кишварҳои ҳамсоя парвоз кунанд. Қаблан агар аз фурӯдгоҳҳои Қирғизистон истифода мекарданд, баъди бозшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон қисмати бузурге аз онҳо барои парвоз ба Русия ва дигар кишварҳо Ӯзбекистонро интихоб мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

