Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШарти Тоҷикистон барои беҳбуди муносибот бо Эрон тағйир накардааст

Шарти Тоҷикистон барои беҳбуди муносибот бо Эрон тағйир накардааст

Сироҷиддин Муҳриддин корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки муносибат бо кишвари Эрон  хуб шавад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  гуфт: “Эрон аввалин давлатест, ки соли 1991 соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуда, соли 1992 сафоратхонаи худро боз намуд. Ҳеҷ кас робитаҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои моро инкор карда наметавонад. То рӯйдодҳои 4 сентябри соли 2015 мунсибатҳо миёни кишварҳо хуб буд”,

Бино ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии ба сардӣ гароидани муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон воқеаҳои санаи 4 сентябр шуморида шуда, онҳо нишон доданд, ки “бархе аз сохторҳои иқтисодӣ ва молиявии Эрон аз Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ менамоянд”.

Аммо, роҳбарияти Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш як сӯҳбати ошкори онлайнӣ бо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоъӣ дошт, пуштибонии молӣ доштан аз ҳар кишвари ғайрро рад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон зимни сӯҳбаташ бо корбарон гуфт, моро ҳамеша миллат пуштибонӣ кардааст ва то ба ҳол низ ҳамаҷониба мардум ба мо кӯмак карда истодааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳз барои фаъолиятҳои сиёсиаш аз ягон кишвар пуштибонии молӣ надидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular