Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши 20 баробарии муомилоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бо вуҷуди дахолати монополистҳо

Афзоиши 20 баробарии муомилоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бо вуҷуди дахолати монополистҳо

Ҳаҷми муомилоти молу коло байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 4 соли пеш қариб 20 баробар афзудааст.

Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дода гуфт, муомилоти мол аз 14,9 млн. доллари соли 2015 то охири соли 2018 ба 281,5 млн. доллар расидааст.

Зимни нишасти хабарӣ Хуршед Каримзода иттилоъ дод, ки соли 2015 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя 8,8 млн. доларро ташкил медод. Соли 2018 бошад, ин нишондиҳанда ба 155,3 млн. доллар баробар шуд.

Гуфтанист, ки соли 2018 яхи муносибатҳои сарди Тоҷикистону Ӯзбекистон об кушод. Байни давлатҳо ба маблағи зиёда аз 300 млн. доллар қарордоду созишномаҳо ба имзо расиданд.

Аммо, фурӯши аксарияти молу коло, ки дар Тоҷикистон инҳисоргари худро дорад, аз хуб шудани муносибатҳои ду кишвар андаке нагузашта, молҳои босифат ва  арзони Ӯзбекистон тиҷорати инҳисоргарони Тоҷикистонро танг кард. Бештари инҳисоргарони тоҷик, ки шахсони наздик ба Оила мебошанд, пеши роҳи воридоти молу колои Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро гирифтанд.

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки интиқоли маҳсулот аз Узбекистон ба ин кишвар дар ҳаҷми то 50 килограмм иҷоза мебошад. Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон санаи 2 августи соли 2018 дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҳамчунин сокинони ду кишвар метавонанд ба маблағи то як ҳазор доллар маҳсулотро ба Тоҷикистон бидуни таҳияи асноди расмӣ ворид кунанд.

Ҳамон рӯзҳо Тоҷикистон воридоти тухми мурғи Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро ба мӯҳлати номуайян манъ кард.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular