Наимҷон Самеев, собиқ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки ду моҳ пеш аз Русия ба Тоҷикистон бурда шуда буд, бо як изҳороти видеоӣ гуфт, ки ба кишвар бо хоҳиши худаш баргаштааст.
Видеое, ки ӯ изҳорот додааст, ба гумони ғолиб аз ҷониби мақомоти қудратӣ сабт шудааст. Чун Наимҷон Самеев айни ҳол дар боздоштгоҳ буда, шароити озоди сабти видеоии изҳоротро надорад.
Наимҷон Самеев шаби 30 ноябр дар шаҳри Грозний дастгир шуда, баъди чанд рӯз бо ҳавопаймои «Сомон Эйр” аз Маскав ба Тоҷикистон фиристода шуд. Аммо ӯ дар ин видео баён медорад, ки касе ба ӯ фишор наовардааст. Ӯ бо хоҳиши худ ба Душанбе парвоз карда, худро ба мақомот таслим намудааст.
Наимҷон Самеев мегӯяд: «Ман, Самеев Наим Абӯбакрович, 24 майи соли 1963 ба дунё омадаам. Зодаи ноҳияи Исфара, ҷамоати Чоркӯҳ, маҳаллаи Чакана, 105 мебошам. Ман 3 декабри соли 2018 аз шаҳри Маскав ба Душанбе бо ихтиёри худ баргаштам. Маро ягон хел органҳои қудратӣ маҷбуран наовардаанд. Баъди омадан ба шаҳри Душанбе худро таслими органҳои ҳифзи ҳуқуқ намудам. Нишондоде, ки ман додаам, ҳақиқати ҳол аст. Дар аснои тафтишот ба ман ва хонадони ман ягон хел фишороварӣ, зӯроварӣ карда нашудааст.”
Наимҷон Самеев солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси халқи вилоят дар вилояти Суғд буд. Солҳои 2008-2012 раисии шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд ва солҳои 2012-2014 раиси бахши исфарагии ҲНИТғро ба уҳда дошт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

