Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуроҷиати муовини раиси ПМТ ба шиканҷадиҳандагони Шарофиддин Гадоев

Муроҷиати муовини раиси ПМТ ба шиканҷадиҳандагони Шарофиддин Гадоев

Муроҷиати муовини раиси ПМТ ба шиканҷадиҳандагони Шарофиддин Гадоев

Алим Шерзамонов аз вазъияти бад ва шиканҷа шудани Шарофиддин Гадоев изҳори нигаронии шадид карда, ба шиканҷадиҳандагон ва рақибонаш муроҷиат карда, хитоб ба онҳо гуфт: “Шумо ҳамаатонро оё омдар зоида бошад?”

Муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) имрӯз 18-уми феврали 2019 бо интишори муроҷиате дар сафҳаи фейсбукиаш дар мавриди Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони рабудашудаи ПМТ гуфт: “Агар модаратон дар қайди ҳаёт набошад, раведу ба чашмони хоҳаратон ва духтаратон нигоҳ кунед ва дар чеҳраҳоҳои онҳо модар ва хоҳари Шарофиддинро бинед. Онҳо розӣ ҳастанд, ки ҷигарбандашон кошкӣ дар берун аз кишвар шаҳид мешуду ӯро дар ин ҳолат намедиданд.”

Алим Шерзамонов хитоб ба шиканҷадиҳандагон ва рақибонаш, ки бар ҳоли Шарофиддин Гадоев тамасхур мекунанду табли шодӣ мезананд, гуфт: “Шумо ҳамаатонро оё модар зоида бошад?”

Ӯ афзуд: “Ҳамин ҳоло дарак ёфтам, ки ин бародар шадидан шиканҷа мешавад.”

Бар асоси манобеъи хубаргузории “Паём”, Шарофиддин Гадоев мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифта истодааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular