Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Вашингтон Пост”: Чин дар Тоҷикистон посгоҳ дорад

“Вашингтон Пост”: Чин дар Тоҷикистон посгоҳ дорад

“Вашингтон Пост”, рӯзномаи машҳури амрикоӣ дар нашри дирӯзааш, дар бораи ин ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки посгоҳи наздимарзӣ дорад, хабар додааст.

“Вашингтон Пост” менависад:  Дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб Чин посгоҳи худро дорад.

Ин маълумотро хабарнигор Гаррӣ Шиҳ ба Вашингтон пост дода гуфтааст, ки ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дидааст ва низомиёни чиниро вохӯрдааст.

Тибқи манбаъ дар посгоҳ рамзҳои Тоҷикистону Чин дида мешаванд. Аммо маълум нашудааст, ки  масрафи буду боши сарбозонро кӣ мепардозад ва бинои посгоҳ ба кадом кишвар тааллуқ дорад.

Ба бовари Гаррӣ Шиҳ ҳадаф аз таъсиси пойгоҳи Чин ҳузур дар минтақаҳои нооромест, ки барои амнияти ин кишвар муҳим аст.

Бояд гуфт, дарозии марзи Тоҷикистон бо Чин  500 километр буда, Вилояти мусулмоннишини Шинҷону Уйғур дар ин минтақа ҷойгир аст. Моҳи сентябри соли гузашта мақомоти Чин гузоришҳо дар бораи интиқоли нерӯ ба Афғонистон ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистонро рад кард.

Расонаҳои Осиё он замон навиштанд, ки мошинҳои низомии Чин дар дараи Вахон ҳаракат мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular