Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт

Ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дирӯз панҷшанбе, қарор содир намуда, ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод.

Назарбоев сабаби ин қарорашро  ба ҳамкорӣ карда натавонистани вазирон бо мардум, таъмин нашудани рушди босифати иқтисод аз ҷониби ҳукумат ва Бонки миллӣ унвон кард.

Ӯ гуфт: «Дар натиҷаи амалҳои бемасъулиятонаи ҳукумат, қисми осебпазири аҳолӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо накарданд».

Ду ҳафтаи охир дар чанд минтақаи Қазоқистон эътирози оммавии модарони серфарзанд идома дорад, ки талаби беҳсозии зиндагии худро доранд. Эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки дар наздикии шаҳри Остона дар як оташсӯзӣ панҷ кӯдаки ноболиғ кушта шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular