Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСадама дар масҷиди бузурги Душанбе

Садама дар масҷиди бузурги Душанбе

Субҳи имрӯз 25 феврал аз боми гумбази бинои нав сохташуда истодаи масҷиди Марказии шаҳри Душанбе аз 7 то 9 коргар, аз баландии 60 метр ба замин афтода, захм бардоштаанд.

7 нафари онҳо айни ҳол бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони Қарияи боло бистарӣ шудаанд. Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, зинапояи зери пои ин коргарон шикаста, ҳама коргарон аз боми гумбази масҷид ба замин афтодаанд.

Тибқи маълумот ҷароҳатбардоштагон кормандони як ширкати эронӣ будаанд. Ҳангоми машғули корҳои кафшергарӣ (сварка) будан, ногаҳон зинапояи зери пояшон шикаста, коргарон низ ба замин сарозер шудаанд.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Сохтмони ин масҷиди бузург ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам, асосгузори мазҳаби Ҳанафия, ки аксари сокинони Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳабанд, оғоз ёфта буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам низ эълон шуда буд.

Тарҳи масҷидро меъморони Тоҷикистону Қатар омода кардаанд ва он аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд.

Барои бунёди ин масҷид, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, дар умум беш аз 100 миллион доллар сарф мешавад, ки беш аз 70 миллион долларашро Қатар медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular