Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСММ маблағгузорӣ ба терроризмро муҳокима мекунад

СММ маблағгузорӣ ба терроризмро муҳокима мекунад

Дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид  рӯзҳои наздик масъалаи кумаки молӣ ба терроризм муҳокима хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ташаббускорони ин муҳокима Фаронса ва як қатор кишварҳои дигар мебошанд.

Дар ин бора Агентии иттилоотии русии Новостӣ хабар додааст.

Тавре дар хабар омадааст, ташаббускорони ин муҳокима гуфтаанд: «Мутаассифона, маблағгузорӣ ба гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ хеле зиёд кашф мешаванд.  Аз ин рӯ, Фаронса ва як қатор кишварҳои дигар, аз ҷумла Федератсияи Русия, қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани маблағгузории терроризмро муҳокима ва баррасӣ хоҳанд кард, то дар ин ҷода корҳо нишонрас ба роҳ монда шаванд”

Ҳамчунин ноиби раиси дафтари зидди террористии Созмони милали Муттаҳид гуфтааст, “матни лоиҳаи қарори мазкур «амалан ба мувофиқа расид», ҷаласа оид ба муҳокимаи ин масъала аллакай давоми ҳафта гузаронида мешавад».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular