Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИстихроҷи кони ангишти Равнобро ҶСК «НБО Роғун»ба уҳда гирифт

Истихроҷи кони ангишти Равнобро ҶСК «НБО Роғун»ба уҳда гирифт

Ягона кони ангишт дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кони ангишти Равноб  аз нав фаъол мешавад

Бино бар иттилои коршиносон, кони Равноб  бештар аз 70 миллион тонна захираи ангишт дорад. Аммо ба сабаби дар доманакӯҳ ҷойгир шудани кон  ва душворгузар будани роҳи он истихроҷи ангишт дар он танҳо дар мавсими гармо ба роҳ монда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҳолати истихроҷи бонизом метавонад талаботи сокинони вилоятро ба ангишт қонеъ кунад.

Пештар набудани техника сабаби иҷро нашудани нақшаи истихроҷ дар кон шуда будааст, аммо феълан ба Равноб 6 техника дастрас гардидааст.

«Бо сар шудани борону барф роҳ сӯи кон то моҳҳои май-июн баста аст. Аз ҳамин сабаб фаъолияти кон мавсимӣ аст», — афзудааст манбаъ.

Тавре нашрияи давлатии менависад,  истихроҷи ангишт дар кони Равнобро тули чанд сол Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди “ВТИ- Помир” ба зимма дошт.

Тибқи ҳамин манбаъ, чанде пеш бо дахолати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон  ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун” барои кор дар “Равноб” иҷозатнома дода шудааст. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун” вазифадор гардид, ки дар мавсими имсолаи зимистонгузаронӣ на танҳо тамоми шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, балки баъзе ноҳияҳои ҳамҷавори вилоятро низ бо ангишти хушсифат таъмин намояд.

Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафаров, ба нашрияи Ҷумҳурият гуфтааст, ҷамъият барои пурра ба кор андохтани кони “Равноб” тамоми имкониятҳоро дорад ва бо кушода шудани роҳ ба тарафи кон ба истихроҷи ангишт шурӯъ менамояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумотҳои охир дар худи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун садама рух дода, ҳоло чархаи агрегати якуми он, ки ба қарибӣ фаол шуда буд, аз кор мондааст.

Тибқи иттилоъи  хабаргузории ТоҷикТА дар ду моҳи аввали соли 2019 дар Тоҷикистон 190 ҳазор тонна ангишт тавлид шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо ҳамин давраи  соли гузашта 63 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад.

Бино ба иттилоъи вазорати саноати Тоҷикистон, дар як шабонарӯз то 5 ҳазор тонна ангишт дар Тоҷикистон истихроҷ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки порсол тавлиди ангишт дар кишвар беш аз 1,9 миллион тонна шуда буд.

Бояд гуфт 12 ширкат дар Тоҷикистон ангишт тавлид мекунанд. Аммо ҳамоно нархи ангишт дар Тоҷикистон дастнорас буда, дар хариди мавриди ниёзи ин намуди сузишворӣ, мардум бештар ба ангиштҳои воридотӣ аз кишварҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон рӯ меоранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular