Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКҲФТ: Моҳи апрел боришоти шадид, фаромадани селу ярч дар назар аст

КҲФТ: Моҳи апрел боришоти шадид, фаромадани селу ярч дар назар аст

Дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон кардааст, ки дар нимаи дуюми моҳи апрел эҳтимол боришоти шадид ба амал омада, метавонад боиси  фаромадани селу ярч, тармаву обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои барои ҳаёт хатарнок шавад.

Чун тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувору боронӣ дар назар дошта шудааст.  Дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ эҳтимол дорад, боронҳои пуршиддат вазъро ногувор созанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ба шиддат боридани борон дар минтақаҳои кӯҳистон  ва ё теппаҳо боиси фарсуда шудан ва ҳаракати хок мешавад, сатҳи об дар рӯдхона, обанборҳоро боло мебарад ва сабаби зарар дидани хати соҳили дарёҳо ва кӯлҳо мешавад. Бар асари боронҳои пуршиддат хавфи омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг меафзояд. Дар ин рӯзҳо рондани рамаҳо ба манотиқи кӯҳӣ ва ҷойҳои селрав хатари бештар дорад.

«Бинобар, Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба соҳили рӯдхонаҳо ва ё моҳидорӣ раванд. Кумита аз шаҳрвандон  хоҳиш кардааст, бехатарии шахсии худро риоя кунанд, дар ин рӯзҳо ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сайругашт, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳои дорувор нараванд. Бахусус, кӯдаконро бе назорат гузоштан ва ба ҳар амали онҳо бештар мутаваҷҷеҳ будан лозим аст». — омадааст дар эъломи Кумита.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular