Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОҷил! Манбаъ: Пирӯзи интихоботи Украина маълум шуд

Оҷил! Манбаъ: Пирӯзи интихоботи Украина маълум шуд

Пойгоҳи хабарии “Русская весна” бо истинод ба манбаъаш дар хадамоти ҷомеъашиносие, ки фармоиши дастгоҳи раисҷумҳури Украинаро иҷро мекунад, иттилоъ дод, ки пирӯзи интихоботи Украина аллакай маълум шудааст.

Тибқи раъйпурсии анҷомдодаи ин хадамот дар баромадгоҳҳои нуқтаҳои интихоботӣ, бо ҳисоби миёна дар тамоми Украина натиҷаҳо чунинанд:

Владимир Зеленский — 74,3%

Петро Порошенко — 26,7

Ҳамчунон, ки интизор мерафт, Зеленский бештар аз ҳама дар вилоятҳои ҷанубу шарқии Украина, Кривой Рог ва Днепропетровск раъй овардааст. Дар вилоятҳои ғарбӣ ширкати хеле ками мардум ба қайд гирифта шудааст, аммо ҳатто дар ин вилоятҳо, Порошенко бо фарқ аз даври аввали интихобот, бохтааст.  

Ҳамсӯҳбати “Русская Весна” қайд кардааст, ки дастгоҳи Порошенко аллакай бо бохт муросо кардаву дар ҳоли ҳозир танҳо ба хотири наҷот додани ояндаи сиёсии худ мубориза мебарад.

Тибқи гузориши КМИР-и Украина то соати 15.00 бо вақти маҳаллӣ, беш аз 45 дарсади овоздиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular