Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСел дар Файзобод ҷони ду нафарро гирифт

Сел дар Файзобод ҷони ду нафарро гирифт

Як мард ва як наврас дар Файзобод бар асари фаромадани сел ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора рӯзноманигор Абдулъазиҳ Восеев хабар додааст.

Тибқи гуфтаи ӯ, ин ду нафар сокинони деҳаи Сайдонӣ будаанд, ки барои гирифтани молҳояшон ба дара рафтаанд.

Воссев навиштааст: “Ҳозир хабар расид, ки дар Файзобод дар пайи сели шадид ду нафар ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи шоҳидон вақте борони шадид беист меборад, сокинони деҳаи Сайдонӣ барои гирифтани молҳояшон, ки дар чаро будааст, мераванд.

Ин деҳа дар миёни дараҳо ҷойгир аст ва ҳангоми ҷудо кардани мол, касе фарёд мезанад, ки «сел меояд».

Мардон зуд ба даруни дара даромада, кӯдакону наврасонеро, ки барои гирифтани молҳо омадаанд, берун мекунанд.

Як мард чанд нафарро наҷот медиҳад ва вақте дасти охирин наврасро, ки гуфта мешавад, хеши наздикаш будаст, мегирад, сел наздик шуда, онҳоро ба ком мекашад. Мегӯянд, ҷасади ин мард пайдо шудааст, аммо наврас бедарак аст”.

Ному насаби қурбониён маълум нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular