Давлати подшоҳии Дания дар қисмати шимолии Аврупо воқеъ буда, аз 446 ҷазираву нимҷазираҳои хурду бузург ташкил ёфта, ки дар танҳо 76 ҷазираи он аҳолӣ маскан гирифтааст. Масоҳати умумии давлат 42 ҳазору 394 км мураббаъ мебошад. Аз хушкӣ танҳо бо давлати Олмон дар масофаи 67 км ҳамсарҳад мебошад, аммо тариқи пулҳо (кӯпрукҳои) пурқувват бо Суис (Шветсия) низ роҳи мустақими мошингард дорад. Пойтахташ Копенгаген, шаҳрҳои калонтаринаш Орхус, Оденсе, Олборг ва ғайра…
Сохти давлатдориаш монархияи конститусионӣ, роҳбари феълиаш малика Маргретеи 2-юм аст. Мақомоти қонунгузор парламенти якпалатагии иборат аз 179 депутатмебошад.
Забони давлатӣ забони даниявӣ, забонҳои олмонӣ ва англисӣ низ кор бурда мешаванд. Ин ҷо намояндагони халқиятҳои фриз ва фарерзҳо низ умр ба сар мебаранд. Воҳиди пулиаш коронаи данӣ ба шумор меравад. Коди телефон +45 аст.
Саршумори аҳолӣ наздики 6 милион нафар буда, аз ин миқдор 49, 6 фоизашро мардон ва 50, 4 фоизашро занон ташкил медиҳанд.
Ҷойгоҳи дин дар ин давлат на он қадар маълум аст, зеро ҳамаги 31 фоизи аҳолӣ ба худо бовар доранд, 49 фоиз ба рӯҳу кадом як қувваҳои тахайюлӣ ва 16 фоиз бовар надоранд, яъне бединанд. 3,7 фоиз мусалмонон низ дар ин давлат баробари дигарон ҳуқуқу озодиҳоро доранд. Дини Ислом ба ин сарзамин тариқи муҳоҷирони аз Эрон, Ироқ, Сомалӣ, Фаластин ва Босния ташрифоварда руҷӯъ намуда, мувофиқи таҳқиқоти расонаи хабарии Би Би Си айни ҳол шумораашон ба 270 ҳазор нафар расидааст. Бояд қайд кард, ки 2800 нафар мардуми таҳҷоии Дания ҳам ба дини ислом гаравида ва ҳамасола ҳадди ақал 70 нафари дигар дар ин саф меафзоянд. Шурӯъ аз соли 1978 то ин ҷониб 20 адад мадрасаи исломӣ низ дар ин давлат фаъолият мебарад, ки калонтаринаш дар шаҳри Нёебро фаъол аст ва 410 нафар донишҷӯй он ҷо таҳсил менамоянд.
Иқлим
Иқлими мӯтадилу намнок дорад, ки ҳарорати миёнаи зимистонаш 1 дараҷа сард ва тобистонаш 15-17 дараҷа гарм аст. Марҳилаи сербориши миёни фаслҳои тирамоҳу зимистон хеле тӯл мекашад. Баҳору тобистон рӯздармиён борон, зимистон бошад ба ҳамин минвол барф меборад. Ба ҳисоби миёна дар ин ҷо 171 рӯзи сол ҳавои абрноку бориш аст. Вазиши шамол ҳам ин ҷо қариб ки доимист.
13 фоизи қаламрави мамлакатро ҷангалзор фаро гирифтааст, боқимонда заминҳои кишоварзӣ ва ботлоқзорҳо, инчунин майдонҳои беканори кишт ҳам вуҷуд доранд. Бештари ҷангалзорон ба таври сунъи бино шудаанд, зеро дар давраҳои азхудкунии заминҳо ҷангалҳои табииро қариб аз байн бурда буданд.
Маориф
Таҳсил дар мактаб барои гирифтани маълумоти миёна ҳатмист, фақат маҳз дар ҳудуди бинои мактаби миёнаи умумӣ, ё мактабҳои типи махсус дарс гирифтан зарурат надорад. Волидайни кӯдак метавонанд барои фарзандонашон муаллими шахсӣ таъин намоянд, то маълумоти ибтидоӣ, ё миёнаи нопурраро дар хонаашон низ сохиб шавад. То синфи 10-ум таҳсил гирифтан ҳатмӣ нест.
99 фоизи толибилмон маълумоти миёнаи нопурраро соҳиб мешаванд, 86 фоиз миёнаи пурра ва 41 фоиз барои идомаи таҳсил дар донишкадаҳои оли сайъ мекунанд. Таҳсил дар ҳама самтҳо ройгон роҳандозӣ шудааст. Донишҷӯён низ бо стипендияи хубе барои таҳсилу таъмини моддии худ аз тарафи давлат таъминанд.
Иқтисодиёт
Дания як кишварест, ки дорои иқтисодиёти баланди рушдкарда мебошад. Маҷмӯи маҳсулоти дохила 324 миллиард долларро ташкил дод, ки ба ҳар сари аҳолӣ 51, 4 ҳазор доллар дуруст меояд, ки нисбати соли 1996 расо 4 баробар афзудааст. Дар ҷадвали давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи минтақаи Аврупо баъд аз Шветсия, Люксембург ва Норвегия Дания ҷойгоҳи чорумро ишғол кардааст. Иқтидори асосии пешрафти иқтисодии кишвар ин самтҳои саноат, кишоварзӣ ва моҳидорӣ аст, ки бо технологияи навтарини замона муҷаҳҳаз гардида, ҳамчунин яке аз бузургтарин содиркунандаи маҳсулоти баҳрии ҷаҳон мебошад.
Системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ чунин роҳандозӣ шуда, ки дар маҷмӯъ хароҷоти давлатӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷтимоиёти аҳолӣ 70 дарсадро ташкил дода барои дифоъ, иҷрои қонун ва идораҳои давлатӣ танҳо 15 дарсад аст. Дар Дания беш аз 430 ҳазор субектҳои соҳибкорӣ (Корхонаҳои хурду миёна) ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди аҳолиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст. Дар соли 2018 даромади давлат аз ҳисоби содироти мол 83, 2 миллиард долларро ташкил намуда буд. Даромади бештари давлат аз ҳисоби содироти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ 9 миллиард доллар, маҳсулоти нафтӣ 2, 52 миллиард доллар, генераторҳои электрикӣ 2, 02 миллиард доллар, маҳсулоти ширӣ 1,69 миллиард доллар, истеҳсоли Автомобилҳо ($ 4.45 миллиард), нафту газ ($ 2.16 миллиард), таҷҳизоти пахшкунӣ ($ 1,83 миллиардҳо ва компютерҳо ($ 1.64 миллиард) мебошад.
Беҳтарин минтақаҳои содиротӣ Дания Олмон (11,7 миллиард доллар), Шветсия (9,6 миллиард доллар), ИМА (6,87 миллиардҳо), Бритониёи Кабир (6,47 миллиард доллар) ва Норвегия (4.46 миллион доллар) мебошанд. Беҳтарин воридот аз Олмон (18,2 миллиард доллар), Шветсия (10,4 миллиард доллар), Нидерландия (6,67 миллиардҳо), Чин (6,1 миллиард доллар) ва Норвегия (4.18 миллиард доллар) мебошанд.
Акнун каме дар бораи мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба давлати Дания маълумот медиҳем. Дӯстдоштатарин афсонанависи даврони кӯдакиамон Ханс Кристиан Андерсон дар Дания ба дунё омадааст.
Парчами Дания кӯҳантарин дар дунё маҳсуб меёбад, ки дар асри 13 ташкил кардаанд. Таҳқиқоти муҳаққиқони донишкадаи Кембриҷ мардуми Данияро хушбахттарин мардуми сайёра маълум намуд.
Дар ин давлат мардум хеле дер издивоҷ мекунанд, ки синни миёнаи издивоҷашон 32 солагист ва 20 фоизи аҳолӣ дар шиноснома мӯҳри оиладорӣ ҳам надоранд,
Дар Дания агар маҳбус аз маҳбас фирор кунад, ҷинояташ вазнинтар намешавад, балки баъди боздошти дубора ҳам ҳамон ҳукми пешинаро мегузаронад.
Шумораи велосипед -дучархаҳо дар Дания ду баробари шумораи мошин зиёдтар аст. Дар ин ҷо 4 миллиону 200 ҳазор дучарха ҳаст. Дарозтарин кӯчаи пиёдагарди дунё низ дар Дания воқеъ гашта, аз 3, 2 км ташкил шудааст.
Рӯзи корӣ дар Дания аз соати 8-и субҳ то соати 16 аст. Мағозаҳо то соати 17 кор мекунанд. Барои меҳнати зиёдатӣ андози зиёдтар месупоред.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

