Гурҷистон аз шимол бо Русия, аз шарқ бо Озарбойҷон, аз ҷануб бо Арманистон ва Туркия ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумиаш 69 ҳазору 700 км мурабба мебошад. Самти ғарбии кишвар соҳили Баҳри сиёҳ аст. Бештари ҳудуди мамлакатро кӯҳҳои сарбарфалаккашида фаро гирифтаанд, ки нуқтаи баландтаринаш бо баландии 5068 метр дар кӯҳи Шхара воқеъ гаштааст. Наздик ба 25 ҳазор дарё аз ҳисоби пиряхҳо ва боришоти зиёд дар ин кишвар вуҷуд доранд. Пойтахти Гурҷистон шаҳри Тбилиси аст. Саршумори аҳолӣ 3 миллиону 811 ҳазору 400 нафар ва дар ҳоли фузун шудан аст. Аз ин миқдор 47, 1 фоизашро мардон, 52, 9 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Воҳиди пули ларӣ ба шумор меравад. Коди телефон +995 аст. Забони давлатӣ гурҷӣ, аммо намояндагони 23 забон ин ҷо умр ба сар мебаранд.
Иқлим
Бештари минтақаҳои кишвар кӯҳиву сарду намноканд. Фақат шарқи давлат як каме гарму хушк аст. Дар Сванетия зимистон қариб 8 моҳ давом мекунад ва ба ҳисоби миёна — 15 дараҷа ҳаво сард аст ва дар Ҷаваҳетия ҳатто то 30 дараҷа хунукӣ мерасад. Дар соҳилҳои Адҷария бошад баръакс зимистон аз 5 то 23 дараҷа гарм мешавад ва тобистонаш ҳарорат то 35 дараҷа мерасад.
Дини 91 фоизи мардум насрониҳои православист, 1, 5 фоиз католикони римӣ мебошад. Дар соли 645 арабҳо ба Гурҷистон ҳамла карда буданд ва дар ниҳоят муваффақ шуданд. Аксар сарзаминҳои ин кишварро фақат дар солҳои 735-737 ба даст оварданд. Давоми солҳо 736 то 1122 шаҳри Тифлис маркази муҳими фарҳангӣ ва мазҳабии аморати исломӣ маҳсуб мешуд. Агарчанде мардуми деҳаҳои атрофи Тифлис дар ҳамон давра ҳам тобеи дини насронӣ монда буданд. Дар авохири асри 15 бо кӯшиши подшоҳони форс гурӯҳ-гурӯҳ қабилаҳои туркони мусалмонтабор ба Гурҷистон омада маскан мегиранд. Дар ин гурӯҳҳо муғулҳо,форсҳо, усмониҳои турк ва арабҳо буданд. Ҳанӯзам дар ғарби давлат мусалмонон бисёранд, ки 9, 9 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд.
Маориф
Таҳсил дар мактаб ҳатмӣ ва ройгон аст, аммо аз аввали моҳи сентябр оғоз намешавад. Аз сабаби гармои моҳи сентябр, таҳсилро ду ҳафта пас санаи 15-ум, дар баъзе макотиб аз 18-уми сентябр оғоз мекунанд. Анъанаи санаи якуми сентябрро, чун рӯзи дониш қайд кардан дар Гурҷистон чандин сол қабл хотима ёфта буд.
Ба мактаб толибилмонро аз 6 солагӣ қабул менамоянд ва давомнокии таҳсил 12 сол аст, ки се марҳиларо дар бар мегирад. Маълумоти ибтидоӣ 6 сол. Маълумоти асосӣ 3 сол ва маълумоти миёнаи пурра 3 соли дигар аст.
Диққати бештарро дар макотиби Гурҷистон ба таъмини технологии муосир медиҳанд, зеро ба ҳар як хонандаи синфи якум ба мактаб қабул шудан замон аз ҷониби президент нетбук тӯҳфа мегардад. Ин компютерҳо дар худи Гурҷистон истеҳсол мешаванд ва барномаи махсусе дар он насб шудааст, ки фарогирии донишро барои кӯдак шавқовартар месозад. Китобҳои дарсиро низ дар оғози соли таҳсил китобхонаи мактаб таъмин менамояд. Волидайн баҳо ва пешрафти фарзандонро маҳз аз ҳамин компютерҳо фаҳмида ҳам метавонанд. Воқеан, баҳои дониш ин ҷо аз рӯйи ҷадвали 10 бала гузошта мешавад. Забони хориҷиро аз синфи якум меомӯзонанд. То хатми мактаб бояд ғайри забони модарӣ 3 забони дигарро хонанда азхуд кунад. Дар ин давлат аз ИМА, Канада, Австралия, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои тараққикарда 1000 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба омада ба толибилмони мактабҳо дарс мегузаранд.
Иқтисодиёт
Пешрафти иқтисодӣӣ кишвар асосан аз самтҳои кишоварзӣ, металургияи ранга, саноати мошинсозӣ, нӯшокиву шарбат, кокарди чӯб ва ғайра роҳандозӣ шудааст. Соли 2018-ум ба Гурҷистон ба миқдори 8, 08 миллиард доллар воридот ва аз ин ҷо ба миқдори 3,21 миллиард доллар содироти мол шудааст. Бештари маводи содиротии Гурҷистон ин маъданҳои фоиданок аст, ки дар як сол то 518 миллион доллар даромад ба хазинаи давлат даромад ворид мегардад, инчунин аз а ($318 Миллион), истеҳсоли мошинҳо ($195 Миллион), ($172 Миллион) ва тилло ($137 Миллион), даромади нақд бар хазинаи давлат меорад. Беҳтарин шарикони тиҷории давлат, ки маводи содиротиро харидоранд, Русия ба миқдори ($403 Миллион), стон ($326 Миллион), Озарбойҷо ($261 миллион), Туркия ($229 Миллион) и Чин ($209 Миллион).
Худи грузинҳо давлаташонро Сакартвело ном мебаранд. Номи Гурҷистонро дар асрҳои 7-8 арабҳо гузоштаанд. Як вақтҳо номи Грузия ва Испания як хел буд — Иберия. Дар забони гурҷистони калимаҳое ҳастанд, ки аз 8, ё 11 ҳамсадои бесадонок таркиб ёфтаанд. Дар ин забон ҳатто як ҳарфро агар каме нодуруст талаффуз кунед, маънои калима тамоман тағйир меёбад. Аз ҳама аҷибаш дар ин забон талаффузи шумораҳост, зеро мисли дигар забонҳо рақам аз рӯйи ҷадвали даҳӣ неву бистӣ ҳисобида мешавад. Масалан рақами 33-ро бистусездаҳ мехонанд, ё ин ки 78-ро себистуҳаждаҳ. Гурҷистониҳо “бобо”-ро бабуа ва “бибӣ”-ро бебиа мегӯянд. Дар баъзе ноҳияҳои ин кишвар ҳоло ҳам дуздидани арӯс аз ҷониби домод анъана аст. Воқеан нигаҳ доштани яроқ ҳам ин ҷо ҷиноят маҳсуб намеёбад. Агар гурҷистониҳо ба тӯй хабар кунанду шахси хабарӣ наояд, ин ранҷишро то солҳои зиёду наслҳои оянда ҳам идома медодаанд. Яъне, беҳурматии шадид ҳисоб мешудааст. Як одати хеле маъмул ҳам доранд, ки ба арӯс бояд ҳамаи хешу табори домод ягон ҷавоҳироти тиллоӣ тӯҳфа намояд. Дар вақти ҷаноза бошад, ба хонадони мотамдошта ҳар кас аз рӯйи тавонаш хӯрока, вино, ё ягон тӯҳфаи дигар барои дилбардорӣ бояд орад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

