Monday, February 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКабирӣ дар бораи интиқод ва дузду хиёнаткори қавӣ

Кабирӣ дар бораи интиқод ва дузду хиёнаткори қавӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон субҳи имрӯз ба суолҳои шунавандагони радиои Паём посух гуфт. Такрори ин барномаро шунавандагон метавонанд соати 19.00 ба вақти Маскав гӯш кунанд. Шакли видеоии мусоҳиба дар саҳифаи ютубии Радиои Паём ҳам нашр шудааст.

Паём тасмим гирифт бинобар баста будани шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Ютуб, сустии интернет дар кишвар ва нархи гарони он, матни муосҳиба бо Муҳиддин Кабириро қисм-қисм нашр кунад. Дар зери матн ҳамон қисмати навор, ки дар матн омадааст, нашр мешавад.

Инак суоли аввали радиои Паём ва посухи раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба он:

Радиои Паём: Дар нишасти Дортмунд моҳи июли соли 2018 гуфта будед, ки моро ба хотири камбудиҳоямон танқид кунед мепазирем, вале ин дуздро ҳам якбор бигӯед дузд ҳастӣ ва ин хиёнаткорро бигӯед хиёнаткор ҳастӣ. Аммо аз дузду аз хиёнаткор ном набурдед. Ва дар муроҷиат бо мунаққидон гуфтед, ки агар аз дузди қавӣ метарсед, моро аз будамон бештар танқид накунед. Хиёнаткор ва дузди қавӣ кӣ аст, ки мунаққидон аз танқидаш метарсидаанд?

Муҳиддин Кабирӣ: Ман дар яке аз сӯҳбатҳоям гуфтам, ки агар мардум ва коршиносон ё ҳар касе, ки фаъолияти моро чӣ дар гузашта, чӣ имруз ё дар оянда мехоҳад интиқод кунад, омода ҳастем бишнавед ва истибол мекунем. Ман ба он назарам, ки интиқод бояд ҳамеша бошад, як сиёсатмадор ё як ҳизби сиёсӣ имкон надорад, ки интиқод нашавад, чун камбудиҳо ҳастанд. Ин интиқод боис мегардад, ки инсон, ҳизб ё президент ҳам бошад худашро ислоҳ кунад. Аммо интиқод бояд созанда, бодалел ва мантиқӣ бошад ва аз ҳама муҳимаш интиқод бояд барои ислоҳ бошад, на барои кина доштан, ғараз, сиёҳ кардан.

Миллати тоҷик ҳақ дорад, ки дар қатори ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус роҳбарияти имрӯзааш, ки иштибоҳҳои зиед мекунад, баъзе ҳизбҳову шахсиятҳое, ки дар ин мушкилот саҳм доштанд, интиқод кунад. Шояд нисбати ХНИТ ҳам, нисбати дигар гурӯҳҳои опозитсиюн дар маҷмӯъ интиқодҳое дошта бошад, чун миллат ва баъзе коршиносон моро ҳам ба ин мушкилот шарик медонанд.

Барои мисол танқидҳое  ҳаст, ки мегӯянд шумо дар аввали кор ба иштибоҳҳо роҳ додед, ба ин одам бовар кардед, аз ҳад зиёд гузашт кардед. Ин ҳама боис шуд, ки мо як диктатор дорем, Конститутсияро чанд маротиба ба фоидаи худашу хонаводааш тағйир дод, тамоми бизнесу сармояи кишварро гирифт, ҳокимиятро гирифт, ҳамаро зиндонӣ кард, муҳоҷир кард. Ва мегӯянд, ки ин ҳама натиҷаи ҳамон сулҳ аст, созишнома аст, ки оппозитсиюн имзо кард ва шумо ҳам масъул ҳастед.

Вақте ки ин гуна интиқодҳо ба мо зиёд ворид мешавад, ман ҳамеша аз коршиносон, мунаққидон даъват мекунам, ки бале аз ҷое, ки мо камбудӣ доштем, бояд интиқод шавад, аммо ҳар кас бояд баробар бо камбудиаш танқид бишнавад. Гоҳо мегӯянд, ки ин шумо сабаб шудед, ки ин одам моликияти мардумро дуздид, ҳукуматро хонавоагӣ кард, ҳамаро аз кишвар ронд ва шумо гузашт кардед. Мо даъватамон ин аст, ки биёед моро ба гузашти кардаамон танқид кунед, моро ба он, ки аз ҳад зиёд бовар кардем, танқид кунед, барои он танқид кунед, ки ин ҳиллаву найрангҳооро аз пеш надидем ва мо ҳам оромона инро гӯш мекунем, қабул мекунем ва талош мекунем, ки ин гуна иштибоҳот нашавад ва билохира мо ҳам инсон ҳастем ва дар ҷое иштибоҳ кардем.

Аммо он тарафро, ки дуздӣ кардаст, созишномаро вайрон кардаст, ҳокимиятро ғасб кардаст ва аз самимияту аз ин гузаштҳои мо сӯиистифода кардааст, ягон калима ҳам намегӯянд ё агар интиқод карданд, камтар интиқод мекунанд. Ва ман дар сӯҳбатам мисоле оварда будам, ки агар як нафареро молашро  аз манзилаш дуздиданд, шумо метавонед, ки соҳиби молро танқид кунед, ки даратро хуб махкам накардӣ, молатро соҳибӣ накардӣ ва имкон додӣ,ки молат дуздида шавад. Ҳақ доред, лекин чаро дуздро танқид намекунед, чаро намегӯед, ки ҷурми дуздӣ аз беэхтиетӣ калонтар аст, сангинтар аст?

Инҷо мо даъват мекунем, онҳое, ки моро интиқод мекунед, ҳақ доред, мо эҳтиром мекунем, аммо аз рӯи адолату инсоф гоҳ-гоҳ дуздро ҳам, қонуншиканро ҳам, оне, ки миллатро ба ҳамин дараҷа расонд, оне, ки аз гузашти мо сӯиистифода кард, оне, ки созишномаро вайрон кард кам-кам бад нест, ки ӯ ҳам интиқод шавад.

Шунавандаи шумо савол додааст, ки чаро мо ном намебарем. Мо ном мебарем ин шахс президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамон замон ҳам Раҳмонов буд, ки ба созишнома имзо монда буд ва сӯиистифода кард, хиёмат кард ва миллат метавонад аз домони ӯ бигирад, ки чаро ӯ ин тавр кард ва мо ҳам ин даъворо хоҳем дошт. Назари ман чунин аст, моро ҳам интиқод кунед ва аз хиёнаткор ва аҳдшикан низ гоҳ-гоҳ интиқод кунед, хуб мешуд. Аммо агар касоне, ки метарсанд ё тарафи дигарро, ки зарар намерасонанд, танқид мекунанд ва бо ҳамин ангезаи интиқодии худро бароварда кунанд, ин ҳам то ҷое қобили дарк аст. Бахусус онҳое, ки дар дохилӣ кивар ҳастанд, барояшон хатарнок аст ошкор интиқод кунанд.

Шумо мебинед, ки барои камтарин иқдом ва ташаббус чӣ кор мекунанд. Дирӯз ду ҳамватани мо, бонувони бисёр ҷасур, фақат хостанд аз худ дифоъ кунанд, аз ҳуқуқи ҳамватанони худ дифоъ кунанд ва ташаббуси қонуние, ки ҷамъ овардани имзо барои муроҷиат ба худи президент буд. Имрӯз чӣ корҳо карда истодаанд, дар шабакаву расонаҳо таҳқиру тӯҳмат ва ҳатто ҳамватанон аз хориҷ маҷбур шуданд, ки барои дифоъ аз ин бонувони шуҷоъ маракаи пуштибоние оғоз кунанд, ки воқеан сазовори пуштибонӣ аст, қадрдорӣ аст.

Ман ташаккур мегӯям ба он шахсоне, ки ин ташаббусро карданд, то аз ин ду бонуи гиромӣ дифоъ шавад. Бояд ин корро миллат кунад. Вале ин як паем аст аз тарафи ҳукумат ба касоне, ки камтарин ташаббуси шаҳрвандиро мехоҳанд, анҷом диҳанд, онҳоро ҷазо медиҳанд. Мо аз ин лиҳоз дарк мекунем, ки дар дохил садо баланд кардан, кори душвор аст, аммо миллат бедор шуда истодааст.

Манзури ман он ки шахсоне, ки дар хориҷ ҳастанд. Онҳо метавонанд ҳақиқатро ошкоро гӯянд, аммо хуб мебуд, ки вақти таҳлили мавзӯъҳо як кам амиқтар, боадолат ва боэҳсос муносибат кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular