Friday, February 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаъди талаби САҲА маҳдудияти дастрасӣ ба Гуглу фейсбук бардошта шуд

Баъди талаби САҲА маҳдудияти дастрасӣ ба Гуглу фейсбук бардошта шуд

Дар Тоҷикистон ҷустуҷӯгари Гугл, фейсбук ва Ютуб, ки масдуд шуда буданд, соате пеш боз шуданд. Аммо ҳанӯз сомонаҳои масдудшудаи тоҷикӣ ва паёмакрасонҳои Вотсапу Вайбер масдуданд.

Қаблан Ҳарлем Дезир, Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот дар як баёнияи расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буд, ки дастрасии комил ва номаҳдуди шаҳрвандон ба расонаҳои интернетӣ, чӣ миллӣ ва чӣ байналмилалӣ ва ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустӯҷугарони интернетиро фароҳам кунад”

Ҳарлем Дезир дар баёнияи худ таъкид бар ин кардааст, ки бидуни дастрасии бемамониат ба интернет озодии баён вуҷуд надорад.

Гуфтанист, рӯзи 3 май ҷустуҷӯгари Гугл, сербинадатарин сервери интернет ар Тоҷикистон масдуд шуд. То масдудшавии ҷустуҷӯгари Гугл бандҳои дигари он Play market, Translator, Gmail, GoogleDocs, Google Forms, Google Диск, Google Maps ҳам дар Тоҷикистон масдуд буданд.

Ҳамчунин ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Твиттер, Ютуб ва паёмакрасонҳои Вотсапп, Вайбер ва Телеграмм масдуд ҳастанд. Корбарон шикоят доранд, ки онҳоро аз ҳаққи дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ ба мисли Радиои Озодӣ, Азия Плюс, Авесто, Ахбор, Паём, Ислоҳ ва ғайра маҳрум кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular