Бештари қисмати ин кишвар дар ғарби Аврупо ҷойгир шудааст. Аз тарафи шимолу шарқӣ бо Белгия, Люксембург, Олмон, аз шарқ бо Швейсария, аз ҷанубу шарқӣ бо Монакко ва Италия ва аз ҷанубуғарбӣ бо Испания ва Андора ҳамсарҳад аст. Фаронса яке аз калонтарин давлат дар иттиҳоди Аврупо маҳсуб ёфта, аз панҷ як ҳиссаи ин иттиҳодро фаро гирифтааст. Пойтахти кишвар шаҳри афсонавӣ оростаи Париж аст. Ҷазираи Корсика ва зиёда аз 20 минтақаҳои хурди дигар низ дар Баҳри Миёназамин тобеи ин давлатанд. Масоҳати умумии Фаронса 674 ҳазору 685 км мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар бузургӣ миёни мамолики дунё дар ҷойи 48-ум аст. Шаҳрҳои калонтаринаш Париж, Марсел, Лион, Тулуза, Нисса, Нант, Страсбург, Монпелле ва ғайра. Аз соли 1814 то соли 1830 парчами давлат фақат ранги сафед дошт.
Табиати мӯътадил дорад дар истисно аз минтақаҳои баландкӯҳ, ки сарду намноканд. Ҳарорати миёнаи зимистонаш 7 дараҷа ва тобистонаш 17 дараҷа аст.
Саршумори аҳолӣ 65 миллиону 508 ҳазору 614 нафар. Аз ин миқдор 48, 7 фоизашро мардон ва 51, 3 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Дар Фаронса франсузҳо, элзасҳо, бретонҳо, фламандсҳо ва каталонсҳо зиндагӣ мекунанд. 23 фоизи аҳоли дар деҳот ва 77 фоиз дар шаҳр иҷомат доранд. Забони давлатӣ франсузист ва дар моддаи 2-юми сарқонуни Фаронса дар ин бора қайд шудааст. Воҳиди пулиаш евро. коди телефон код +33.
Бештари мардуми минтақа шомили дини насронианд. Дар ҳоли ҳозир 45 ҳазор калисои католикӣ, 3 ҳазор калисои протестантӣ 2400 масҷиди мусалмонон, 150 адад маъбади бутпарастон мавҷуданд. Ҳанӯз дар соли 2015 дар ин кишвар 2200 адад масҷид буд. Давоми 4 соли охир ин шумора ба 2400 адад расид. Аввалин масҷид дар Париж соли 1926 барои поси хотираи аскарони мусалмоне, ки дар ҷанги яккуми ҷаҳон фавтида буданд, бино шуда буд. Дар оғози ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби ин масҷид ба хотири наҷот аз дасти фашистони гитлерӣ , ба миқдори хеле зиёди яҳудиён ҳуҷҷати мусалмонӣ дода буданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҷамъиятҳои исломии Фаронса аз давлатҳои пешрафтаи исломӣ кӯмаки молӣ барои бунёди масҷидҳо мегиранд, инчунин барои тайёр кардани имомони франсуз дастгирии маънавӣ расонида мешавад. масалан барои бунёди масҷидҳо дар шаҳрҳои Тула, Тулуза ва Марсел давлати Алҷазоир расман сарпарастиро бар ӯҳда гирифтааст. Подшоҳи кишвари Морокко Муҳаммади 6 барои Блуа, Страсбург ва Сент Этйене дастгирии моддӣ мерасонад ва бо адабиётҳои исломӣ бо забони фаронсавӣ таъмин менамояд. Ин иқдом аз соли 1982 пиёда аст.
Маориф
Ба муассисаҳои таълимӣ шаҳрванди фаронса аз синни 3 солагӣ фаро гирифта мешавад. Зинаҳои таълим: 3 сол дар боғчаи баччагона, 5 сол таълими мактаби миёнаи ҳатмӣ, 4 сол дар коллеҷҳои махсус мувофиқи лаёқати хонанда, 3 сол барои ноил шудан ба мадраки бакалавр (мувофиқи хоҳиш). Танҳо баъди ноил шудан ба мадраки бакалавр, ба донишкадаҳои олӣ қабул шудан имкон дорад. Таълим дар ҳамаи самтҳо ройгон аст.
Иқтисодиёт
Фаронса дорои конҳои маъдани зиёди фоиданок аз қабили уран, намаки калий, боксид, оҳан ва ғайра аст. Дар истеҳсоли металҳои ранга яке аз намоёнтарин мавқеъҳоро ишғол мекунад. Дар истеҳсоли фӯлод дар Аврупо дар ҷойи сеюм ва дар истеҳсоли маводҳои кимиёвӣ дар бозори содирот ҷойи чорум насиби Фаронса аст. Саноати мошинсозӣ низ дар ин кишвар хеле ривоҷ ёфта,ҷойгоҳи сеюмро дар дунё соҳиб аст ва 2,5 фоизи мошинҳои дунёро таъмин мекунад. Дар содироти маводи хӯрока баъди ИМА ҷойи дуюм насиби Фаронса аст. Яке аз пешсафтарини кишварҳо дар соҳаи истеҳсоли барқ тавассути нерӯгоҳҳои атомӣ аст, ки 75 фоизи нерӯи барқ бо усули мазкур истеҳсол мешавад. Рушди соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагидорӣ низ дар ин мамлакат хеле назаррас , боғу токпарварӣ ва моҳидорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Бо истифода аз техникаи замона кооперативҳо беш аз 50 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ, ғалладона, шакар, гӯшт, шир,тухм, шарбату консерваҳоро таъмин менамоянд. Ва дар ин самт дар аврупои ғарбӣ ҷойгузини сафи аввал мебошад.
Даромади калонтарини давлат аз ҳисоби истеҳсолу фурӯши тайёраву чархбол ва киштиҳои кайҳонист, ки ҳамасола 48, 8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Инчунин 24, 1 миллиард аз ҳисоби истеҳсоли мошин, 18, 4 миллиард аз ҳисоби қисмҳои эҳтиётӣ, ва хеле зиёд самтҳои дигарро дар бар мегирад.
Акнун каме дар бораи ҳолатҳои аҷоиби ин кишвар.
Дар тамоми шаҳри Париж танҳо як аломати манъ бо калимаи “Stop” ҳаст.
Дар Фаронса ҳатто бо нафари фавтида ҳам издивоҷ кардан мумкин аст. Барои иҷрои ин дархост, шумо бояд ба президенти кишвар муроҷиат кунед. Як подшоҳи Фаронса , Луи 19-ум ҳамагӣ 20 дақиқа подшоҳӣ кард. Подшоҳ Йоан 1-ум бошад, 5 моҳ қабл аз ба дунё омаданаш шоҳ интихоб шуда буд, аммо ба дунё омаду ҳамагӣ 5 рӯз зиндагӣ кард. Дар Париж як қаҳвахона ҳаст, ки Сураҳ ном дорад. Агар ҳангоми харид калимаи “Марҳамат”-ро талаффуз накунед, нархи қаҳва ду маротиб афзун талаб карда мешавад. Рақамҳои мошин, ки дар тамоми дунё маъмуланд, бори аввал дар ҳамин давлат истеҳсолу истифода шудаанд. Дар Фаронса ҳам хук мепарваранд ва баъзан барои ин ҷонварон ном ҳам мегузоранд. Аммо гузоштани номи “Наполеон” -ро барои хук қонунан манъ кардаанд.
Кӯҳантарин кӯпрукро дар Париж “Кӯпруки нав” номгузорӣ кардаанд. Бо забони франсузӣ бештар аз Аврупо дар қитъаи Африка ҳарф мезананд. Мардуми франсуз дар дунё хоболудтар аз дигар халқҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар як шабонарӯз 9 соат хобиданашонро шарт мешуморанд. Дар қабули сайёҳон дар дунё Фаронса ҷойи аввалро мегирад. Ҳар сол ин ҷо зиёда аз 80 миллион сайёҳ меояд. Ҷойи дуюмро бо 73 миллион нафар сайёҳон ИМА мегирад. Бо сабаи номаълум ҳар нафари 10-ум дар ин кишвар ба ҳолати рӯҳафтодагӣ (депрессия) гирифтор аст. Дар вақти ҷанги 2-юми ҷаҳон Гитлер мехост аз болои манораи Эйфл Парижро тамошо кунад, ки франсузҳо танобҳои лифтро буриданд.
Дар давоми солҳои 1748 то 1772 истеъмолу парвариши картошка дар Фаронса мамнӯъ буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

