Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИттиҳодияи араб хостори дифоъ аз ҳуқуқи фаластиниён шуд

Иттиҳодияи араб хостори дифоъ аз ҳуқуқи фаластиниён шуд

Иттиҳодияи араб бо интишори баёнияе ба муносибати фарорасии ҳафтодуякумин солгарди ишғол Фаластин ва таъсиси Исроил мавсум ба рӯз «Накбат» аз ҷомеаи байналмилал хост аз ҳуқуқи мардуми Фаластин дар муқобили зулму фишор Исроил дифоъ кунанд.

Дар ин баёния омадааст: таъсироти манфии Накбат миёни мардуми Фаластин аз насле ба насл дигар мунтақил мешавад. Ранҷи ин фоҷиаи бузург дар урдугоҳҳои фаластиниён дар кишварҳои арабӣ дида мешавад. Иқдомоте алайҳи ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ бо ҳадафи қатъи кӯмакрасонӣ ба фаластинён сурат гирифтааст.  

Иттиҳодияи араб зимни ёдовари ин ки алорағми гузашти 71 сол аз замони таъсиси давлати ишғолгари Исроил мардуми Фаластин бо ранҷ ва фишорҳои сахте мувоҷиҳ ҳастанд, аз ҷомеаи байналмилал ва Созмони милал хост Исроилро ҷиҳати поён додан ба ҳамалоти хасмона ба мардуми Фаластин таҳти фишор қарор диҳад.

Гуфтанист фаластиниҳо 15 майи ҳар солро ба унвони Рӯзи Накбат намоди ихроҷи иҷборӣ, нобудии бофти иҷтимоӣ ва фарҳангиашон тавассути давлати Исроил гиромӣ медоранд. Аз соли 1948 ҷамъияти муҳоҷирони фаластинӣ дар саросари дунё ба 5.9 миллион расидааст.

Рӯзи Накбат барои исроилиҳо намоди таъсиси кишвар ва барои фаластиниён ёдовари ихроҷи иҷборӣ ва нобудии бофти иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо ба шумор меравад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular